Акс аз МТС
Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ хонум Наталия Герман аз дар мулоқот бо директор Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иброз дошт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хайрхоҳи башарро мебинад.
Ҳамчунин Хонум Наталия Герман оид ба шукӯҳ ва шаҳомати Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” ибрози андеша намуда, иброз дошт, ки воқеан ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мушкилоти обу экология дар ҷаҳон тарафдорони зиёди пайдо намудааст, ки бақайдгирии шумораи рекордии иштирокчиён дар конфронси мазкур тасдиқи ин гуфтаҳо мебошад. Мо дар раванди Конфронс бори дигар шоҳиди ҳамрайъӣ ва алоқамандии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин ташаббусҳо гардидем.
Тавре МТС хабар медиҳад, рӯзи 8 июни соли 2022 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо намояндаи махсуси Дабири кулли СММ, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Наталия Герман ва ҳамроҳонаш Флип Саприкин, Андрей Ханжин баргузор гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар баробари масоил ба марбут ба об дар идомаи мулоқот роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ оид ба вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон ибрози назар намуд. Зикр гардид, ки дар минтақа ва ҷаҳон дар баробари дигар мушкилот рӯз то рӯз хатари терроризму ифротгароӣ афзоиш ёфта истодааст ва ин ҳолат аз марказҳои таҳлилӣ ва стратегӣ тақозо менамояд, ки ҷиҳати пешгирии таҳдидҳо беш аз пеш ҳамкориҳои илмию таҳқиқотиро густариш диҳанд. Вобаста ба ин, Наталия Герман омодагӣ ва ҳавасмандии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва рушди робитаҳои илмию таҳқиқотӣ бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт.