Дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” намояндагони кишварҳои хориҷа масъалаи Конференсияи СММ оид ба обро, ки соли оянда бо ҳамраисии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар нишасти матбуотӣ Котиби генералии Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида оид ба масъалаҳои иктисодӣ ва иҷтимоӣ Дю Чжэнминя, аъзои парламенти Канада Террӣ Дугид (тариқи видеоконфронс), муовини директори ояндаи ҷаҳонии об Коринн Шустер – Уоллес, намояндаи парлумони Казоқистон Ирина Смирнова ва намояндаи Юнеско Ҷорд Элис суханронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба конфронси оби СММ дар соли 2023 хеле зиёд аст ва ҷонибҳои гуногун дар раванди омодагии он фаъолона ширкат варзидан мехоҳанд.
“Конфронси оби СММ дар соли 2023 дуюмин ҳамоиши об дар таърихи СММ ва аввалин баъди қариб 50 сол ба ҳисоб меравад. Бо назардошти ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он таваҷуҳи махсус дошта, аз натиҷаҳояш низ интизории зиёд дорад”, – изҳор дошт Дю Чжэнминя, Котиби генералии Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ.
Коринн Шустер – Уоллес, муовини директори ояндаи ҷаҳонии об зикр намуд, ки “ҷиҳати муарифӣ ва тарғибу ташвиқи конфренсияи Тоҷикистон ва Нидерландия якчанд ҷаласаҳоро дар ҳошияи чорабиниҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҳафтаи ҷаҳонии об, ҷаласаи Гӯруҳи дӯстони об, ҷаласаи СММ-об, Форуми 9-уми ҷаҳонии об, Саммити 4-уми оби Осиё ва уқёнуси Ором баргузор намуда, платформаҳои Конфросни дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйироти иқлимро низ мувофиқи имкониятҳои мавҷуда барои ин ҳадафҳо истифода хоҳанд кард”.
Ба таъкиди иштирокчиён ҳамаи комиссияҳои минтақавии СММ муваззаф шудаанд, ки дар минтақаҳои худ ҷаласаҳои омодагиро ба Конфронси мазкур баргузор намоянд.
“Инчунин, ташкилкунандагони ҳамоиши бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Конфронси уқёнусҳо, Конфроси 27-уми ҷонибҳои конвенсияи СММ оид ба тағйироти иқлим аз Тоҷикистон ва Нидерландия ҳамчун ҳамраисони Конфронс даъват ба амал оварда истодаанд, ки дар ин чорабиниҳо ширкат варзида, оид ба раванди омодагӣ, ҳадафҳо, тадбирҳои андешидашуда, тартиби баргузорӣ ва натиҷаҳои чашмдошт маълумот диҳанд”, – таъкид намуданд суханронон.
Баҳруллои Маҳмадшариф,
радиои “Тоҷикистон”