Тоҷикистону Фаронса амнияти минтақаро баррасӣ намуданд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии Фаронса-Осиёи Марказии Сенати он кишвар таҳти роҳбарии Эрве Морей мулоқот намуд, хабар доданд аз Вазорати корҳои хориҷӣ.

“Ҷонибҳо зимни вохурӣ доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла самтҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса, амнияти минтақавӣ, обу энергетика ва дигар масъалаҳои мутақобилан судмандро баррасӣ намуданд”, – омадааст дар иттилоия.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Гурӯҳи дӯстии Фаронса-Осиёи Марказии Сенат дар  Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар Душанбе қарор доранд.