Дар шаҳри Хуҷанд корхонаи муштараки “Самарқанд-Суғд-Силк” бунёд мегардад, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.
Манбаъ мегӯяд, ҶДММ “Атласи Хуҷанд тасмим дорад ин корхонаро дар ҳамдастӣ бо корхонаи “Кумуш-Сола”-и вилояти Самарқанд бисозад.
Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир дар ин самт корҳои омодагӣ идома дорад.
ҶДММ “Атласи Хуҷанд” ширкати як соҳибкори маҳаллӣ бо номи Азимҷон Ғафуров буда, асосан ба истеҳсоли адрасу атлас машғул аст.
Ин корхона дар зарфи 5 моҳи соли равон 20 ҳазор метр атласу адрас тавлид намудааст, ки 14 ҳазор метр атлас ва 6 ҳазор адрасро ташкил медиҳад. Илова бар ин “Атласи Хуҷанд” дар ду моҳи охир беш аз 12 намуди атласи нав истеҳсол кардааст.
Дар Тоҷикистон 2018 соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид ва дар пайи ин ҳунармандону соҳибкороне, ки дар соҳаи атласу адрасбофон сарукор доранд, аз имтиёзҳо бархурдор гардиданд.