Дар Душанбе аз бурду бохти қонуни танзим гуфтанд

Имрӯз дар Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «15 соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон»: дастовардҳо, мушкилот ва дурнамо» мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар кори он намояндагони вазорату идораҳои марбута, олимон ва коршиносони соҳа ширкат варзида, доир ба дурнамои татбиқи қонуни танзим ва аҳамияти миллию ҷаҳонӣ, мушкилиҳо дар татбиқи он ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамоишро муовини директори Маркази исломшиносӣ Мутеъуллоҳ Наҷотзода ифтитоҳ намуда зикр кард, ки баъд аз 15 соли қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушоҳида гардид, ки он дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ ва ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард.

Инчунин таъкид гардид, ки таҷрибаи 15 соли амали Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишон дод, ки санади мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ нақши бориз гузошта, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард. Он пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифта, ба вори гардидани низому тартибои ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ рох кушод.

Дар ҷараёни мизи мудаввар дигар иштирокчиён дар мавриди пахлуҳои дигари ин масъала маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Олуфта Шарипова,

радиои Тоҷикистон