Таҳти раёсати муовини сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва муовини Дабири кулли СММ Дю Женмин Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланди Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар қисматҳои алоҳида идома дорад. Дар қисмати асосии чорабинии имрӯза таҳти унвони “Рӯзномаи амалиёти об: Аз Душанбе – 2022 то Ню-Йорк – 2023” намояндагони як қатор кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ суханронӣ намуданд.
Роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адхан Гебрейсус дар суханронии хеш баргузории чорабиниҳои мартуб ба обро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Ба таъкиди Гебрейсус, об ҳамчун сарчашмаи ҳастии башарият дар баробари таъсиррасонӣ ба соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла кишоварзӣ, саноат, энергетика, инчунин ба ҳифзи саломатии инсоният нақши муҳим дорад.
Роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар суханронии хеш як қатор масъалаҳо, аз ҷумла нақши калидии об, санитария ва беҳдоштро дар ҳалли буҳрони COVID-19 ва дигар таҳдидҳои саломатии аҳолӣ аз бемориҳои тавассути об интиқолёфта, инчунин робитаҳои муҳими байни об ва тағйирёбии иқлим дар заминаи идоракунии захираҳои обро мавриди баррасӣ қарор дод.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зимни суханронии хеш аз ташаббусҳои пешниҳодгардидаи Ҳукумати Тоҷикистон дар самти обу иқлим ёдовар шуда, талошҳои Тоҷикистонро дар пешбурди ҳалли мушкилоти марбут ба об неку назаррас арзёбӣ намуд.
“Сафарбар намудани иродаи сиёсӣ ва уҳдадориҳо барои ҳалли масъалаҳои об дар саросари ҷаҳон нақши муҳим мебозад. Ҳоло бо боварӣ метавон гуфт, ки чунин нишастҳо бо иштироки намояндагони кишварҳо ва масъалагузориҳо роҷеъ ба мушкилоти обу иқлим метавонад пайомади мусбат дошта бошад. Ҳамчунин, муҳокимаи ошкоро оид ба масъалаҳои ташаккули идоракунии захираҳои об ва иштироки ҷомеа дар қабули қарорҳо, аз ҷумла занон, ҷавонон, ақаллиятҳо, муҳоҷирон, гурезагон ва маъюбон метавонанд ба ҳалли муштарак ва амалҳои муштарак мусоидат кунанд”, гуфт муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Бояд гуфт, ки дар ҷаласаи имрӯза намоянадгони як қатор кишварҳо ба таври маҷозӣ суханронӣ намуда истодаанд. Дар идомаи чорабинӣ масъалаҳои зерин баррасӣ хоҳанд гашт: “Таъсири об ба рушди иқтисодиёти миллӣ”, “Баланд бардоштани робитаи об барои вокуниш ба мушкилоти ҷаҳонии пас ковтдӣ”, “Тезонидани дастрасӣ ба шароити бехатарии обтаъминкунӣ, санитария ва гигиенӣ”, “пешбурди устувории об дар шаҳру деҳот” “Ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об”, “Инфрасохтори устувор ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ”, “Захираҳои об ва иқлим: таҳкими робитаҳои байниҳамдигарӣ”.
Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин пешрафту дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал об барои ҳаёт муаррифӣ гардида, ҳадафҳо барои солҳои минбаъда муайян хоҳанд шуд.
Баҳруллои Маҳмадшариф,
радиои “Тоҷикистон”