Онҳое, ки Фейсбук доранд ва навиштаҳои бандаро пайгирӣ мекунанд, се рўз пештар навишта будам, ки ба ғалабаи “Реал Мадрид” бовар доред ё не? Корбарони ин саҳифа андешаи худро мухталиф баён доштанд. Аз ҷумла, ҳама мухлисони дастаи шоҳона менавиштанд, ки панҷшанбеи қаҳрамонӣ хоҳад буд ва ҳатто баъзеҳо ҳисоби бозиро 2-1 пешгӯӣ карда буданд. Чун дигар баҳсҳо мухлисони дастаи каталонӣ бар он назар буданд, ки мағлуб намудани «Осасуна» кори душвор нест, аммо умед дорем, ки “Реал” дар ҳарду бози муваҷеҳи бохт мешавад. Кӣ дуруст гуфт қазоват аз Шумост.
“Реал Мадрид” бо вуҷуди он ҳама нобасомаде, ки дар аввали мавсим дошт тавонист дубора пурқудрат будани худро нишон диҳад, аҷиб ва муҳимтар аз ҳама бозингарони тозахариди даста ғайр аз Куртуа дар ин қаҳрамонӣ даст надоштан гӯем ҳам хато нахоҳад шуд. Аз ҷониби дигар ин мавсим номи Роналдо не, балки дигарон расонаи шуд. Яқинан Криро аз Турин ба ҷом менигараду оҳи сард мекашад. Чунки агар ў мебуд, лоақал пеналтиҳоро ба самар мерасонид. Ва шояд Бензема бо Мессӣ дар рақобат намешуд ва чанд агарҳои дигар.
Оғози нобарори роҳи қаҳрамонӣ
“Реал Мадрид” дар бозии 37-уми Ла Лига “Виларреал”-ро мағлуб кард ва бо фарқияти 7 имтиёз аз “Барселона” пеш гузашт.
“Реал Мадрид” охирин бор дар Испания се сол пеш пирӯз шуд, он вақт низ Зидан сармурабии даста буд.
Ҷоми мазкур барои дастаи шоҳона 34-умин шуд ва барои сармураббии фаронсавӣ дуввум.
Роҳбарияти даста дар муддати кўтоҳ ду сармураббиро таъин ва зуд иваз кард. Президенти Бошгоҳ ба хулосае омад, ки Зиданро бояд баргардонад ва наҷоти дастаро фақат дар симои ў дид. Бо омадани мутахассиси фаронсавӣ вазъи бошгоҳ якбора тағйир наёфт, аммо расонаҳо менавиштанд, ки Зидан назди роҳбарият бо гузоштани шартҳои худ омадааст, аз ҷумла озод будан дар харид ва интихоби бозингарони ҳайати асосӣ. Омад ва Куртуа, Азару Йовичро харид. Дарвозабон дар мавсими аввал факат мавриди танзу танқид қарор гирифта буд, зеро аксари голи ҳарифон аз миёни пойҳош зада мешуд.
Ин мавсим ба боварии даста сазовор шуду устувортар ҳунарнамои кард, аммо Азар бо гирифтани раками бузурги 7 –ум ва Йович то ҳол натавонистанд худро озод ҳис кунанд. Ҳамзамон ҷароҳаташон боиси он шуд, ки атрофи масрафи миллион андешида шавад. Оянда онҳоро чӣ интизор аст вақт нишон хоҳад дод. Хулас Зидан тавонист бачаҳоро ба ҳолати чанд соли пешин баргардонад ва ҳар нафаре, ки ба талаботаш ҷавобгў набуд майдонбадар намуд. Ба мисли Гарет Бэйл ва Ҷеймс Родригес дар Реал Мадрид маоши калон мегиранд, аммо дар майдон нестанд. Ҳатто чанд рўзи охир бештар хабарҳое нашр мешаванд, ки дастаи шоҳона ҳарчи зудтар мехоҳад аз Бейл ҷудо шавад, Йовичро ба иҷора диҳад. Ҷои онҳоро бозингарони ҷавон мисли Винисиус ва Родриго метавонанд пур кунанд. Дар оянда Мариано Диас бемуҳобо омода аст Карим Бенземаро иваз кунад. Агар рафту Асенсио баъди ҷароҳат ва истироҳати тулониш саломатияшро ба пураги барқарор карда бошад, пас Азар низ шояд нолозим шавад. Маҳз хамин дурбинии Зидан ва усулофарии ў ҳамаро ба ҳайрат овардааст.
Карантин ба нафъи “Реал Мадрид”
Метавон хулоса кард, ки дастаи Мадрид дар ин мавсим ду буҳронро паси сар кард: Тибқи навиштаи sports.ru Аз нимаи моҳи сентябр то нимаи моҳи октябр. Дар ин вақт “Реал” аз ҳафт бозӣ танҳо се бор ғалаба кардааст. Марҳилаи дуввуми бӯҳрон чанде пеш аз таваққуфи пандемия ба вуқӯъ омад – аз феврал то аввали март, “Реал Мадрид” аз ҳафт бозӣ чор бозии худро аз даст дод.
Мушкилоти кадри, хастагӣ, вазъи бади руҳи ва дигар нофаҳмиҳо ба вуҷуд омада буд, ки танаффуси иҷборӣ айни мудао шуд, барои рафъи ҳама норасоиҳо. Бо барқарории дубораи бозиҳо “Реал Мадрид” дастаҳоро паси ҳам мағлуб намуд, гарчанде бо шумори калон ҳам набошад, аммо соҳиби се имтиёз мешуданд. Пеш аз ҳама капитани даста барои наҷот тамоми неруяшро сарф кард ва ҳатто нисбат ба баъзе бозингарони хати ҳамла голи бештар задаву хати ҳимояро бомаҳоратона ҳифз кардааст.
Арқоми ҷолиби дастаи қаҳрамон:
“Реал” бори аввал дар се сол чемпионатро ба Мадрид бармегардонад. Онҳо дар даври 29-ум аз “Барселона” бо ду хол ақиб монда буданд аллакай дар 30-юм давр худро ба кавле рост карданд ва дар даври навбатӣ қаҳрамон шуданд. Ҳоло “Реал Мадрид” бо доштани 34-ҷом аз “Барселона” пеш гузашт.
- Ин мавсим номи Карим Бенземаро бештар ба забон меоранд бо доштани 21 гол. Вай бори аввал дар карераи худ аз 20-гол бештар мезанад дар мавсим.
- Аз бузургии Зидан фаромӯш намекунем. Вай дар тӯли 3,5 сазовори 11 ҷом шудааст. Зидан инчунин аввалин мураббии “Реал Мадрид” пас аз Фабио Капелло (аз соли 2006) шуд, ки ду ҷоми чемпионатро ба даст овард.
Ҳатто агар “Реал Мадрид” дар ин бозӣ ғалаба намекарду бозӣ мусовӣ мешуд, бо шарофати Осасуна онҳо қаҳрамонияшонро таҷлил мекарданд, зеро ин даста “Барселона”-ро мағлуб намуд. Ингуна далелҳо бисёр метавон гуфт ва агар “Манчестер Сити”-ро дар Лигаи Қаҳрамонҳо мағлуб намуда роҳашонро ҳамвор кунанд, пас номи Зидану дастпарваронаш абадӣ хоҳад монд.
Аз топ 5- чемпионати бонуфузи сайёра факат дар Серияи А ғолиб ҳануз маълум нест ва шояд интрига инҷо рух дихад, зеро “Ювентус” дар чанд бозии охир аз муҳимтарин имтиёзҳо маҳрум мешавад.
Исандиёр Носиров
Радиои “Тоҷикистон”