Баъди соҳибистиқлолии кишвар ва гузаштан ба муносибатҳои нави иқтисодӣ таҳсили пулакӣ дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ шуд. Ҳоло дар нақшаи қабули муассисаҳои олии таълимӣ наздики 80 фоизи дониҷўён дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил мекунанд. Дар ҳамин ҳол баҳсҳо атрофи нахри шартномаи таҳсил дар донишгоҳҳо дар рӯзҳои охир зиёд садо медиҳад. Бахусус дар шароите, ки пандемияи COVID-19 ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии мардум таъсири манфӣ расонидааст.
Аммо Маҳмадшоҳ Гулзода ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мегӯяд, ки маблағи шартнома дар шароити имрўза чандон зиёд нест, зеро бо он маблағе, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон соҳибихтисос мегарданд, бо баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маблағи шартнома баробар аст.
Фарҳод Шарофов, муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мегӯяд, ки тайи ду соли ахир маблағи шартномаи таҳсил дар ин донишгоҳ боло бурда нашудааст ва соли равон низ дар ин маврид муроҷиате ба Хадамоти зиддиинҳоисории назди Ҳукумати ҶТ набуд. Лек новобаста ба ин сифати таълим ҷавобгў ба стандартҳои байналмиллалӣ буда, 6 барномаи таълимии донишгоҳ соҳиби аккредитатсияи байналмиллалӣ ва сертификат гардидаанд.
Ҳамзамон ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имсол масъулини муассисаҳои таълимӣ барои бардоштани маблағи шартномаи таҳсил аз 5 то ба 40 фоиз ба ин ниҳод муроҷиат карда буданд. Абдулмаҷид Муминзод сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар мавриди хулосаи ин ниҳод барои афзоиши нархи шартномаи таҳсил ба Радиои “Тоҷикистон” гуфт, ки бо назардошти вазъи имрўзаи ҷаҳонӣ, яъне паҳншавии бемории COVID-19 тағйироти ҷиддӣ дар нархи шартномаҳои таҳсил ворид карда нашуд. Баъзе пешниҳодҳо танҳо аз 5 то ба 8 фоиз ба инобат гирифта шуду халос.
Ҳарчанд 5 ё 8 фоиз аз нигоҳи аввал на он қадар назаррас аст, аммо сол ба сол қабули донишҷуён ба гурӯҳҳои буҷавӣ камтар гардида, гурӯҳҳои шартномавӣ меафзояд. Дар чунин шароит барои волидайне, ки 2 ва ё 3 фарзанди донишҷў доранд, мушкилоти ҷиддӣ пеш меояд. Фарҳод Шарофов муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мегӯяд, дар бархе маврид довталабон баъди дохил шудан ба донишгоҳ, ба далели мушкилоти иқтисодӣ аз таҳсил даст мекашанд ва ҷои банднамудаи онҳо гоҳо холӣ мемонад, ки ин на танҳо хоси донишгоҳи онҳо, балки аксари донишгоҳҳо мебошад.
Дар кишвар барои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳо андешида мешавад ва итминон аст, имтиёзҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимӣ ва донишҷўён дода мешавад, мушкилоти иқтисодии онҳоро каме ҳам бошад, ҳал менамояд. Аммо атрофи ин масъала масъулинро зарур аст, бори дигар андеша ва нархи шартномаҳои муассисаҳои умумӣ ва олии касбии пулакиро бознигарӣ намоянд, шояд дар баъзеи онҳо зарурати боло бурдани нархи шарнома неву баръакс, поён бурдани он пеш ояд.
Шоистаи Аҳмад
Радиои “Тоҷикистон”