7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 — 2028” муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) хонум Амина Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо СММ ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкорӣ бо СММ ва сохторҳои он, инчунин аз дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба обу иқлим изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки татбиқи ҳадафҳои Даҳсола барои ҳалли масъалаҳои марбут ба захираҳои об ва пешбарии Ҳадафи 6-уми рушди устувор дар сатҳҳои гуногун мусоидат хоҳад кард.
Зимни мулоқот масъалаҳои амалисозии ҳадафҳои барномаву стратегияҳо, аз ҷумла “Рӯзномаи 2030”-и СММ оид ба рушди устувор, татбиқи Барномаи миёнамӯҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, баргузории “Саммит оид ба дигаргунсозии маориф”, “Саммити ҷаҳонии иҷтимоӣ”, “Саммити ояндаи мо” ва дигар тадбирҳои муштарак, ки дар ҳалли масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ саҳми бузург мегузоранд, муҳокима гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо алоқамандии худро барои идомаи ҳамкориҳо дар самти дастрасӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин барқароршавии пас аз ҳамагирии КОВИД-19 изҳор намуданд.
Ҷонибҳо дар робита ба таҳдиду бӯҳронҳои ҷаҳонӣ, аз қабили афзоиши нобаробарӣ, камбизоатӣ, гуруснагӣ, муноқишаҳои мусаллаҳона, терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳамагирии КОВИД-19 вокуниши муштаракро зарур шумурданд.