Пас аз маросими расмии Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор гардид.
Дар ин қисмати чорабинӣ намояндагони кишварҳои хориҷа баромад намуда, бори дигар саҳми Тоҷикистонро дар пешбурди ҳалли мушкилоти масоили обу иқлим зарур шумориданд.
Аз ҷумла вазири энергетикаи Эрон Алиакбар Меҳробиён дар суханронии хеш доир ба нақши фаромиллии об дар эҷоди сулҳ суханронӣ намуда, баргузории конфронсу ҳамоиш ва форумҳои марбут ба обро як қадами устувор дар роҳи расидан ба ҳадафҳои дарпешистода арзёбӣ намуд. “Имрӯз аҳамияти об дар тавсеаи кишварҳо ва нақши он дар пойдорӣ ва ҳифзи ҳаёти башар ба касе пӯшида нест. Буҳрони об дар ҳазораи сеюм чолиши аслии дунё буда ва таъмини амнияти обӣ дар асри 21 ҳадафи аслии ҳукуматҳо мебошад. Аз ин рӯ мебояд ташаббусҳои Тоҷикистонро ҷиҳати таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ ва пешгирии хавфу хатарҳои марбут ба об шоистаи таҳсин номид”, – зикр дошт вазири энергетикаи Эрон Алиакбар Меҳробиён.
Бояд гуфт, ки дар қисмати плениарии конфронси мазкур иштирокчиён аз ҷониби Тоҷикистон барои баргузории чунин ҳамоиши сатҳи баланди минтақавию байналмилалӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Баҳруллои Маҳмадшариф,
радиои “Тоҷикистон”