Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ду нерӯгоҳи муштараки барқӣ бунёд мекунанд, ки сохтмони онҳо аллакай шурӯъ гардидааст.
Ин нуқтаро имрӯз Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иброз намуданд.
Сарвари давлат дар идома қайд намуданд, ки гидроэнергетика яке аз соҳаҳои муҳимтарин дар ҷаҳон маҳсуб меёбад ва мо барои ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар ин самт талошҳои худро дар сатҳи байналмилалӣ тақвият медиҳем.
“Конфронси мазкур дар ҳалли ин ва дигар масъалаҳои муҳим нақши калидӣ дорад”, – гуфтанд Пешвои миллат.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикситон аз ҷиҳати нерӯи сабз дар ҷаҳон ҷои шашумро ишғол мекунад.