Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» оғоз гардида ҷараён. Дар аввал, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, як қатор мушкилоту камбудиҳои вобаста ба обро таҳлилу барасӣ намуданд. Аз ҷумла сарвари давлат зикр доштанд, ки ҳамасола дар дунё тақрибан 2 млрд нафар аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд.
“Тоҷикистон аз рӯи истеҳсоли барқи аз лиҳози экологӣ тоза яъне нерӯи сабз дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад. ҶТ, ки дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ мебошад, метавонад дар ин самт саҳми арзандаи худро гузорад. Ҳоло Тоҷикистон аз лиҳози кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ яке аз ҷойҳои аввалинро дар ҷаҳон ишғол мекунад. Қисми зиёди барқи Роғун барои содирот ба кишварҳои ба неруи барқ ниёзманди минтақа нигаронида шудааст, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар ин кишварҳо мусоидат менамояд. Ҳамзамон, бо ин барқи Роғун ва дигар неругоҳҳои Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкориҳои фаромарзӣ, ки яке аз мавзӯъҳои муҳими ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, саҳми муносиб хоҳад гузошт. Тоҷикистон, ки дар қаламрави он 60 фоизи захираҳои оби осиёи марказӣ ташаккул меёбад, ҳамеша хостори истифодаи самараноки онҳо аст, ба манфиати кули кишварҳои минтақа мебошад”, таъкид доштанд Пешвои миллат.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш иброз доштанд, ки “Тибқи маълумоти коршиносон шумораи аҳолии курраи замин дар оянда ба 9 миллиард нафар мерасад, ки боиси зиёд шудани чандинкаратаи талабот ба об мегардад. Чораҳои то ҳол андешидаи байналмилалӣ чандон самараи муносиб надоданд, 2 милён нафар дастрасӣ ба об надоранд, қариб ҳамасола ним милион нафар аз сабаби бемориҳои марбут ба об мефавтанд”, таъкид намуданд Пешвои миллат.
Котиби генералии СММ, Амина Мохамед зимни баромади хеш қайд намуд, ки бояд кишварҳои ҷаҳон вобаста ба паёмадҳои офатҳои табиӣ ва дигар оқибатҳои вобаста ба обу иқлим талошҳои муштаракро тақвият бахшанд. Ӯ аз ташабусҳои ҷониби Тоҷикистон ёдовар шуда, саҳми кишвари моро дар пешбурди масоили марбут ба об муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон, дар ин конфронс намояндагони ташкилоту созмонҳои хориҷӣ, намяонадгони кишварҳои минтақа иштирок намуда истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» дар бахшҳои алоҳида идома дорад.
Дар он наздики 2210 нафар намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишкадаҳо, ҷамоатҳои маҳаллӣ аз 178 давлати дунё иштирок доранд. Зиёда аз 500 нафар намояндагони ВАО аз маҳалӣ ва хориҷӣ инъикоскунандаи чорабинии амазкур мебошанд.
Баргузории конфронс бо 4 забон тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ сурат гирифта истодааст.
Конфронси мазкур таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор шуда, то 9-уми июни соли ҷорӣ давом мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки ташаббускори он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ ва дигар шарикон мебошад.
Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд.
Баҳруллои Маҳмадшариф
радиои “Тоҷикистон”