Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба хабаргирии кӯдакони маъюб рафтааст.
Тавре хадамоти матбуотии раиси вилоят хабар медиҳад, Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд кӯдакони бемор Шукрулло Амирбекзода ва Мирҳабиб Мирмуҳаммедовро аёдат карда, онҳоро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон шодбош гуфтааст.
Зимни хабаргирӣ раиси вилоят гуфтааст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи мулоқоту суҳбатҳояшон аҳли ҷомеаро ба анҷом додани амалҳои хайр ва ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор ва бемор даъват намуда, дар таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо пайваста иқдомоти хайрхоҳона зоҳир менамояд.
Аҳмадзода қайд кардааст, ки мақомоти вилоят кӯдакони ятиму бепарастор ва беморро пайваста мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ҳамасола кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва ятиму бепарасторро ба истироҳатгоҳҳо ҷалб менамояд.
“Ба беморону барҷомондагон низ мунтазам кумак расонида шуда, дар арафаву рӯзҳои ид хотири онҳо шод гардонда мешавад”, – гуфтааст ӯ.
Манбаъ афзуда, ки Шукрулло Амирбекзода ва Мирҳабиб Мирмуҳаммедов ҳар ду ҳамчун маъюб ба қайд гирифта шуда, аз кумакҳои иҷтимоии давлат бархурдоранд.
Раиси вилоят ба наврасон туҳфаҳои худро супорида, ба онҳо саломативу хушиҳои рӯзгорро орзу кардааст.