Боздошти як мақомдори Кумитаи идораи замин: 9 ҳазор сомонӣ пора талаб кард

Оҷонсии зиддифасод сармутахассиси Кумитаи идораи замини ноҳияи А.Ҷомӣ Н.М.-ро бо гумони 9000 пора талаб намудан боздошт намудааст.

Тавре дафтари матбуотии ин ниҳод гузориш медиҳад, Н.М. дар давраи фаъолияти корӣ аз ваколатҳои хидматӣ сӯиистифода кардааст. Номбурда барои аз заминҳои ҳудуди ноҳия ҷудо карда додани 0,06га қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва таҳияи шиносномаи замин аз шаҳрванд “А” 9 ҳазор сомонӣ талаб намуда гирифтааст.

Оҷонсӣ мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати муттаҳам бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои “в,г” ва 3381 қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дар сурати тасдиқи ин иттиҳомот ба боздоштшуда ҷарима ба андозаи аз 23 то 58 ҳазор сомонӣ ва ё аз 2 то панҷ соли зиндон бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян таҳдид мекунад.

Феълан назари гумонбар ва вакили дифои ӯ маълум нест.