«МегаФон Тоҷикистон» бо Федератсияи футбол баҳри рушди футбол дар кишвар шартномаи нав ба имзо расонид

«МегаФон Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон баҳри рушди футбол дар кишвар созишмномаи навро ба имзо расониданд.

Имрӯз — 30-юми июл дар варзишгоҳи «Душанбе Арена»-и пойтахт ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бо Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) баҳри дастгирӣ ва рушди футбол дар кишвар шартномаи навро имзо намуданд.

Тавре масъулин иброз доштанд ин соли дуюм аст, ки созимшнома ба имзо мерасад ва дар доираи он як қатор чорабинию мусобиқа ва фестивалҳо баргузор мегардад. Яке аз лоиҳаҳои амалигардида дар доираи ин шартнома, соли гузашта «МегаФон Life бо сабки футбол» буд, ки дар доираи он 400 мусобиқа дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Бохтар, Ваҳдат, Ҳисор, Истаравшан, Кӯлоб, Хоруғ, Хуҷанд, Файзобод ва Шаҳринав доир карда шуд.

Дар мусобиқаҳои баргузоргардида 3400 кӯдак аз 216 даста иштирок намуданд, ки шумораи аз ҳама зиёди иштирокчиён дар шаҳрҳои Душанбе ва Истаравшан ба қайд гирифта шудааст. Шумораи онҳо 460 нафарро ташкил медиҳад.

Дар доираи шартномаи нав, ки зери он Анатолий Изюмников директори генералии «МегаФон Тоҷикистон» ва Искандар Ҷалилов муовини ФФТ имзо гузоштанд барои имсол як қатор чорабиниҳои дигар ба нақша гирифта шудааст. Мусобиқа оид ба футзал, силсилаи фестивалҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ, мусобиқаи «МегаФон — U-12» дар шаҳри Душанбе аз зумраи онҳо мебошанд. Дар ин баробар сафари дастаи мунтахаби наврасони кишвар ба чемпионати ҷаҳони U-16 дар Қатар низ ба нақша гирифта шудааст.              

Рустам Зоирзода

радиои «Тоҷикистон»