Дар шаш моҳаи аввали соли 2025 талафоти нерӯи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ҶСК «Барқи Тоҷик» дар маҷмуъ 34, 3 млн. кВт , ё ин, ки 0, 39 фоизи барқи истеҳсолшударо ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ҳаҷми 1,0 млн. кВт соат ба андозаи 0, 05 фоиз коҳиш ёфтааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти хабарии ҶСК «Барқи Тоҷик» аз ҷониби масъулини соҳа ба намояндагони ВАО-и дохил ва хориҷи кишвар иттилоъ дода шуд.
Вобаста ба ҳаҷми истеҳсоли нерӯи гармӣ гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли нерӯи гармӣ ба 812, 6 ҳазор Гкал баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҳаҷми 29, 7 ҳазор Гкал зиёд гардидааст.
Инчунин қайд гардид, ки бо мақсади беҳтар намудани таъминоти нерӯи барқ, дар нимсолаи аввали соли 2025 ҶСК «Барқи Тоҷик» ва дигар истеҳсолкунандагони мустақили дохили ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар дар ҳаҷми 3 млрд. 11, 5 млн. кВт неруи барқ ворид карда шуд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2024 ҳаҷми воридот 655, 9 млн .кВт соат зиёд мебошад. Маблағи нерӯи барқи харидоршуда дар давраи ҳисоботӣ 586, 1 млн. сомониро ташкил дод.
Тазаккур дода шуд, ки ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ ба 1 млрд.121, 2 млн. кВт соат баробар шуд. Нерӯи барқ асосан ба Афғонистон дар ҳаҷми 718 млн. ва ба Ҷумҳурии Узбекистон дар ҳаҷми 395, 8 кВт соат интиқол дода шуд.