Дастрасӣ ба таҳсилоти босифат дар ДДҲБСТ

Бори аввал дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар заминаи барномаи dem.tj барои донишҷӯён ҷиҳати омодагӣ ба санҷишу имтиҳонот модули “Худсанҷиш” ва дар доираи  рақамикунонии раванди таълим “Гувоҳномаи донишҷӯии электронӣ” таҳия карда шудааст. Ин маълумот зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон аз ҷониби ректори ДДҲБСТ Шеъроз Мӯъминзода  иттило дода шуд.

Таъкид гардид, ки  имрӯз донишҷӯён имконият доранд давоми ҳафтаҳои таълимӣ, пеш аз сесисияи имтиҳонӣ донишҳои худро бисанҷанд ва малакаи амалӣ пайдо намоянд. Бино ба маълумоти додашуда, соли хониши 2024-2025 дар шуъбаҳои рӯзона, фосилавӣ ва ғоибонаи факултетҳо 1689 нафар аз рӯи 27 ихтисос Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Точикистонро  хатм намудаанд.

Иттило дода шуд, ки бо мақсади рушди забономӯзии донишҷӯён дар ин давра фаъолияти “Гӯшаи Куриёӣ”–и назди Донишгоҳ ва ҳамкориҳо бо Маркази фарҳанги Фаронса дар шаҳри Хуҷанд ҷоннок карда шуда, дар доираи он марказҳои омӯзишии забонҳои куриёгӣ ва фаронсавӣ  барои омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ  ба таври ройгон таъсиси дода шудаанд. Танҳо дар шаш моҳи соли 2025 дар марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва курсҳои тайёрии донишгоҳ 254 нафар довталабон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва 208 нафар шунавандагон ба курсҳои тайёрӣ ҷалб карда шудаанд. Бояд ёдовар гардид, ки имрӯз дар ин Донишгоҳи бонуфуз 7 ҳазору 71 нафар донишҷӯ таҳсил намуда, 313 нафар омузгорону устодон дар раванди таълиму тарбия фаъолият мекунанд. Ҳамчунин иттило дода шуд, ки соли таҳсили 2024-2025 нақшаи қабули довталабон 1675 нафарро ташкил дода, Донишгоҳ бо ин нишондиҳандаи баланд байни муассисаҳои  таҳсилоти олии кишвар дар ҷойи  дуюм қарор гирифтааст.

Мастона Муҳидиллозода

мухбири минтақавии

Радиои Тоҷикистон дар Суғд