Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» татбиқ мегардад

Бо татбиқи Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» сохтмон, азнавсозӣ ва барқарор намудани системаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шахри Кӯлоб ва бо пайгирӣ аз ин ташаббуси некбинона ва башардӯстона айни замон бо сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангсозӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ аз ҷониби «Маркази идораи рушди инфрасохтори  маҳаллӣ » дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон амалӣ мегардад. Лоиҳаи  «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот»  корҳои сохтмонӣ  ва таҷдиду барқарорсозии системаи обтаъминкунии  ноҳияҳои минтақаи Бохтар ноҳияҳои  Лонкай беҳдошт дар деҳот» корҳои сохтмонӣ ва таҷдиду барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ дар минтақаи Бохтар  ноҳияҳои Вахш, Кўшониён, Левакант, Ч. Баляй. Дўстӣ ва Ҷайҳун мавриди амал қарор дорад. Мақсади асосии татбиқи Лоиҳаҳои мазкур ба беҳтарсозии вазъи воқеӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ дар деҳоти ҷумҳурӣ нигаронида шудааст, — зикр гардид дар нишасти матбуотии Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди ҲҶТ.

Раиси кумитаи мазкур Ҷамшед Табарзода таъкид намуд, ки  аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ду лоиҳаи сармоягузорӣ  татбиқ шуда истодааст.  «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» ва Лоиҳаи «Сармоягузорӣ ба соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон». Дар доираи Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» дар ноҳияи Восеъ азнавсозии 5 адад пойгоҳи обкашии Госқалъа, Чилла, Ҷавонӣ, Пушёни миёна ва Гултеппа ва системаҳои обтаъминкунии 40 адад  деҳаҳои ноҳияи Восеъ корҳои азнавсозӣ  карда шуда, шумораи ми истифодабарандагон аз 42 ҳазор нафар ба 150 ҳазор нафар  расонида шудааст..

Лоиҳаи «Сармоягузорӣ ба соҳаи обтаъминкунй ва беҳдошти Тоҷикистон барои беҳтар намудани дастрасӣ  ба оби бехатар ва хизматрасониҳои санитарию беҳдоштӣ дар вилояти Хатлон ва инфрасохторҳои системаҳои сармоягузории афзалиятноки обтаъминкунии байниноҳиявии минтақаи водии Вахш аз он ҷумла, шаҳру ноҳияҳои Кушониён, Вахш, Балхӣ, Дустй ва Ҷайҳун равона карда шудааст, ки корҳои сохтмонӣ аз соли 2024 ин ҷониб огоз шудааст. Дар натиҷаи амалишавии Лоиҳаи мазкур ба ҷои 83 ҳазор  дар умум 830 ҳазор нафар ба оби тозаи нушокии базараргардонида таъмин мегардад.

Дар доираи ҳамин Лоиҳа боз дар шаш адад шаҳру ноҳияҳои болозикр яъне ноҳияҳои Кушониён, Вахш, Балхӣ, Дустӣ,  Леваканд ва Ҷайҳун иншоотҳои санитарӣ,  марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ ба миқдори 160 адад сохта ба истифода дода мешавад, ки ба аҳолии ноҳияҳои болозикр хизмат мерасонанд.

Аз ҷониби БАТР (Бонки Аврупон Таҷдид ва Рушд) бошад Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» татбиқ гардида истодааст. Дар доираи Лоиҳаи мазкур сохтмони чунин иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки 70 фисади корҳо аллакай ба анҷом расидааст

1. Сохтмони 18 адад ҳавзи захиравӣ бо ғунҷоиши 23000 м3.

2. Сохтмон ва барқарорсозии 6 адад пойгоҳҳои обкашӣ бо 16 адад насосҳои гуногунтамға.

3. 1 адад зеристтоҳи барқии 35 киловолт (35000).

4. Азнавсозӣ ва барқарорсозии 16 чоҳҳои амудӣ.

5. Насби 56 ҳазор метр қубурҳои полиэтилении гуногунҳаҷм.

6. Насби 9 ҳазор метр қубурҳои корези,

7. Насби 10 ҳазор метр кубурҳои пулодӣ.

8. Васли 10 ҳазор дона ҳисобкунакҳои обӣ

Дар натиҷаи амалишавии Лоиҳаи мазкур таъминоти оби нушокй дар шаҳри Кӯлоб аз 76 ҳазор нафар ба 126 ҳазор нафар расида таъминоти об шабонарӯзӣ таъмин мегардад.

Лоиҳаи дигаре, ки аз ҷониби БАТР (Бонки Аврупои Тачдид ва Рушд) барои «Барқарорсозии низоми обтаъмикунии шахри Бохтар ва ноҳияи Данғара» маблағгузорӣ карда мешавад. Созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ санаи 1-уми октябри соли 2024 ва санаи 2-юми декабри соли 2024 аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, БАТР (Бонки Аврупои Таҷдид ва Рушд) ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»» и низоми Кумита ва аз ҷониби роҳбарони шаҳру ноҳияҳои болозикр ба имзо расида, корҳои асосноккунии техникӣ алакай оғоз гардидааст.

Дар натиҷаи татбиқи Лоиҳаи «Беҳтаргардонии низоми обтаъминкунй дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ» маркази ноҳия ва 7 деҳаи атрофи он дар маҷмуъ 50,0 ҳазор нафар аҳолии ноҳия бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мегарданд.

КВД «Сохтмони асосӣ ва таъмир» и низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон дар ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2025 иҷроиши корҳои сохтмониро 13 млн 806 ҳазор сомонӣ (бо назардошти сарфа ва назорати техникӣ) барои таҷдиду барқарорсозии 37 адад иншооти оби нӯшокӣ, канализатсия ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти мамлакат, ки аз ҳисоби маблағҳои муттамаркази буҷети ҷумхуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, иҷро намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҳаҷми 5 млн 057 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 63 фоизро ташкил медиҳад.

Аз ин маблағ 8 млн. 310 ҳазор сомонӣ ба шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти вилояти Хатлон  2млн. 593 ҳазор сомонӣ ба вилояти Суғд ва ба ВМКБ 1 млн. 216 ҳазор сомонӣ барои корҳои сохтмонӣ, барқарорсозӣ ва лоиҳакашӣ ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1 млн. 687 ҳазор сомонй ҷудо гардила, корҳои ба нақшагирифташуда ба анҷом расонида шуд.

Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ корхонаҳои тобеи ташкилотҳои низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2025 ба суратҳисоби мақомоти андози шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рўи ҳамаи намуди андозҳо 29 мли 940 ҳазор сомонӣ ворид намудаанд.

Корхонаҳои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналй воқеъ дар ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар истифодабарандагон ба маблағи 57 млн 511,2 ҳазор сомонӣ ҳамин давра хизматрасониҳои гуногуни коммуналиро ба роҳ мондаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҳаҷми 7 млн 329, 6 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 114 фоизи нақшаро ташкил медиҳад , — зикр гардид дар нишасти матбуотӣ.

Ш. Аҳмад

радиои “Тоҷикистон”