Шумораи аҳолии дар соҳаҳои иқтисодиёт машғул ба ҳолати 1 майи соли 2025-ум 2748,7 ҳазор нафарро ташкил намуда, 49,3 ҳазор нафар расман мақоми бекорро гирифтанд, ки 1,8 фоизи қувваҳои кориро ташкил дод. Аз шумораи умумии аҳолии бо кор машғул, шахсони дар рўйхатбудаи кироякорон дар корхонаҳои ҳамаи шаклҳои моликият ба ҳолати 1 майи соли ҷорӣ 1280,8 ҳазор нафар ё 46,6 фоизи шумораи умуми аҳолии машғулро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 фоиз афзоиш ёфтааст, — таъкид дошт вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Солеҳа Холмаҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ.
Дар нишаст зикр гардид, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 79870 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора 62399 нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ба 33802 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023-2027, дар маҷмуъ, 41205 нафар шаҳрванди бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷойҳои кории доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин гардиданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 305 нафар зиёд мебошад. Аз ҷумла, тавассути ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 4640 нафар, корҳои фардӣ 1199 нафар, тариқи ҷалб ба корҳои ҷамъиятии музднок 3478 нафар бо кор таъмин шуданд.
Дар ин давра тибқи роҳхатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 9179 нафар дар марказҳои таълимӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд ва ба 9550 нафар кумакпулӣ барои давраи бекорӣ таъин ва пардохт гардид.
Мувофиқи маълумоти оморӣ давоми се моҳи соли ҷорӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқей 42812 ҷойи нави корӣ, иловагӣ ва барқароршуда таъсис дода шудааст, аз ҷумла 18798 ё 44,0 фоиз ҷойи кори доимӣ, 11177 ё 26,1 фоиз ҷойи корӣ муваққатӣ ва 12018 ҷойҳои муваққатӣ мебошанд.
Бештари ҷойҳои корӣ дар бахши воқеӣ асосан дар соҳаҳои кишоварзӣ, шикор, ҷангал ва моҳипарварӣ 10685 ҷой, саноати истихроҷи канданиҳои фоиданок — 540 ҷой, саноати коркард 3015 ҷой, таъмини неруи барқ, газ, буғ ва 28 ҷой, таъминоти об, тозакунӣ, хунуккунии ҳаво коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа 80 ҷой, сохтмон — 9418 ҷойи корӣ таъсис дода шудваст.
Музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ 2667, 3 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давра 509 сомонӣ зиёд шудааст.
Зеваршоҳ Уктамшоҳзода
радиои “Тоҷикистон”