Айни ҳол дар ҳудуди ҷумҳурӣ 66 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи 14 самт ва 300 касбу ихтисос кадрҳои коргарӣ омода мекунанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 165 ихтисос зиёд мебошад. Дар ин бора имрӯз Фарҳод Раҳимӣ раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳоди зери роҳбариаш хабар дод.
Манбаъ ҳамчунин изҳор намуд, ки ҳоли ҳозир дар литсейҳои касбии техникӣ 1576 омӯзгору 948 нафар устои таълими истеҳсолӣ фаъолият карда истодаанд, ки теъдоди умумии онҳо ба 2524 нафар баробар аст.
«Ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ 22 ҳазору 820 нафар таҳсил доранд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2024, 6197 нафар зиёд аст» — иброз дошт Фарҳод Раҳимӣ.
Рустам Зоирзода
радиои «Тоҷикистон»