Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон, тарҷумаи ҷилди якуми китоби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат — ҳастии миллат»-ро ба забонҳои арабӣ, кореягӣ, ҳиндӣ ва фаронсавӣ ба марҳилаи ниҳоӣ расониданд. Чунин иттилоъ дод, зимни нишасти хабарӣ ректори ДБЗХТ Жило Гулназарзода.
Инчунин бахшида ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дар Донишгоҳ Маркази иттилоот, инноватсия ва рақамикунонӣ бо 65 ҷойи нишаст таъсис дода шудааст.
Ҳамзамон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки донишҷӯёни Донишгоҳ дар доираи шартнома барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи Қазоқистони Шарқӣ ба номи Сарсен Аманжолови Ҷумҳурии Қазоқистон, Доништоҳи Бохай ва Донишгоҳи Лизонинги Шарқии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ва Донишгоҳи давлатии забоншиносии Мински Ҷумҳурии Белорусия, барои нимсолаи якуми соли таҳсили 2024-2025 сафарбар гардида буданд, баъди бозгашт барои идомаи таҳсил дар курсҳои худ барқарор карда шуданд.
Ба иттилои ҳамкорамон Гулрӯ Ниёззода дар давраи ҳисоботӣ 9 шаҳрванди хориҷӣ аз Чин, Италия, Бразилия, ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ ба ҳайси шунаванда дар курсҳои забономӯзии Доништоҳ таҳсил мекунанд. Ҳамзамон, 8 нафар омӯзгори хориҷӣ аз Кореяи Ҷанубӣ, Филипшпин, Ҳиндустон, Фаронса, Чин ва Ҷопон, инчунин, як волонтёри маркази забон ва фарҳанги «Шоҳ Сеҷонт» дар самти омӯзиши забони куриёӣ фаъолият доранд.
Гулрӯ Ниёззода,
радиои «Тоҷикистон»