Дар нимсолаи якуми соли 2025 дар заминаи Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир”, марказҳои таълимии низоми Агентии меҳнат вa шуғли аҳолии вазорат ва дигар муассисаҳои таълимии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта 36294 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати тайёрии касбӣ ва тартиби амалисозӣ вa расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон вa валидатсия ҷалб гардиданд. Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои буҷети барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар муасисаҳои таълимӣ 9179 нафар, тавассути худмаблағгузорӣ 7828 нафар ва тибқи тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия 7104 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд, ки аз шумораи умумии ин нишондиҳанда 24111 нафар танҳо тавассути марказҳои таълимӣ низоми вазорат анҷом дода шудааст.
Бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тавассути роҳхатҳои иловагӣ 12183 нафар дар дигар марказҳои таълимии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта тавассути худмаблағгузорӣ ба курсҳои тайёрии касбӣ сафарбар гардида, нишондиҳандаи солонаи барнома дар сатҳи 42,5 фоиз таъмин карда шуд.
Зеваршоҳи УКТАМШОҲ
радиои «Тоҷикистон»