Қазоқистон ба Тоҷикистон 100 дастгоҳи нафаси сунъӣ кӯмак хоҳад кард

Вазорати тандурустии Қазоқистон шарҳ додааст, ки кай ва ба кадом мақсад ният дорад ба Тоҷикистон дар мубориза алайҳи пандемия кӯмак кунад. Ба гуфтаи муовини вазири тандурустии ин кишвар Людмила Бюрабекова, ин ба муҷаҳҳазгардонии беморхонаҳои Қазоқистон бо дастгоҳҳои вентилятсияи механикӣ таъсир намерасонад. Дар ин бора сомона forbes.kz дар истинод ба брифиниги ин Вазорат дар рӯзи 15-уми июл хабар медиҳад.

Ин расона иттилоъ додааст, ки тибқи лоиҳаи қарори ҳукумати Қазоқистон  барои харидан ва интиқоли 100 адад дастгоҳҳои сунъии нафасдиҳиро ба нақша гирифтааст.

Айни замон, ҳама кишварҳо ба якдигар кӯмак мерасонанд ва кишвари Қазоқистон низ ёрии башардӯстонаро дареғ нахоҳад дошт.  Дар ҳақиқат, ҳукумати Қазоқистон дар охири соли ҷорӣ расонидани кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистонро дар шакли дастгоҳҳои дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъиро баррасӣ мекунад. Ин дастгоҳҳо сайёр буда, барои интиқоли беморон дар ёрии таъҷилӣ истифода мешаванд. Онҳоро истеҳсолкунандаи ватанӣ, ки дар вилояти Акмола ҷойгир аст, истеҳсол мекунад. Дар айни замон, истеҳсолкунанда иқтидори истеҳсолии худро афзоиш додааст. Илова ба вентиляторҳои сайёр, онҳо ният доранд вентиляторҳои собит истеҳсол кунанд, ки ба мо ҳоло ниёз доранд“- гуфтааст Людмила Бюрабекова дар брифинг рӯзи чоршанбе, 15 июл.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *