Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон раиси Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Аштро бо иттиҳоми талаб кардани 10 ҳазор сомонӣ пора боздошт намудаанд.
Манбаъ гуфт, дастгиршуда бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, бо истифода аз ваколати мансабӣ барои ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,08 га аз шаҳрванд “А” 10 ҳазор сомонӣ талаб намудааст. Ӯ аз маблағи талабнамуда 5 ҳазор сомониашро гирифта, боз овардани боқимонда маблағи 5 ҳазор сомониро талаб намуда истодааст.
“Дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ Ҳабибуллоев А.Н. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 4 ҳазор сомонӣ дастгир карда шуд”, – афзудааст манбаъ.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳамакнун собиқ раиси ҷамоат бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Ин банди Кодекси ҷиноӣ ҷарима ба андозаи 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 соли зиндон, бидуни ҳуқуқи ишғоли мақомҳои муайян то 5 солро пешбинӣ кардааст. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли равон 64 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Назари худи муттаҳам ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия феълан маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки ин ниҳод ахиран бо иттиҳоми қаллобӣ раҳбари як ҷамоатеро дар ноҳияи Кӯшониён боздошт карда буд.
Агентӣ гуфт, боздоштшуда барои ғайриқонунӣ додани замин аз як шаҳрванд 35 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.