Имрӯз, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ мизи гирд дар мавзуи “Арзёбии Кодекси андози ҶТ дар таҳири нав ва таъсири он ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ” баргузор гардид. Дар кори мизи гирд намояндагони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои дахлдори давлатию ғайридавлатии марбут ба соҳа, инчунин, олимони муассисаҳои илмию таълимӣ, мутахасисону коршиносони соҳавӣ, соҳибкорон ва намояндагони бахши хусусӣ ширкат варзиданд.
Гуфта шуд, ки ҳадафи баргузории ҳамоиш таҳлилу арзёбии имтиёзу сабукиҳои дар доираи Кодекси андози ҶТ ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ пешбинигардида ба ҳисоб меравад.
Нахуст директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Хайриддин Усмонзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, зикр дошт, ки Кодекси андози ҶТ дар таҳири нав барои баланд бардоштани мақоми байналмилалии ҶТ дар эътирофи озодиҳои иқтисодӣ ва пешбурди фаъолияти иқтисодии тамоми табақаҳои аҳолӣ, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ ва хизматрасонӣ машғул ҳастанд, заминаи мусоид мегузорад. Муовини сардори Раёсати ислоҳоти андозии Вазорати молияи ҶТ Абубакр Асадуллозода зимни маърузаи хеш иброз дошт, ки дар кодекси амалкунанда бо мақсади баланд бардоштани мавқеъи кишвар дар раддабандии агентиҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармяо ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, шумораи умумии андозҳо бо роҳи хориҷ намудани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва мутаҳид намудани андозҳои ба ҳам алоқаманд аз 10 ба 7 намуд карда шудааст. “Бо мақсади содагардонии расмиёти маъмуликунонии андоз дар санади мазкур усулҳои муосири пешбиникунандаи таҳкими иқтисоди рақамӣ, заминаи ҳуқуқии ба танзимдарории хизматрсонии муосири электронӣ пешбинӣ карда шудааст”,-зикр намуд Абубакр Асадуллозода.
“Дар ҷаласаи 22-уми Шурои машваратии назди Президенти ҶТ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, ки таҳти раёсати Пешвои миллат, раиси Шуро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, масъалаҳои самти соҳибкорӣ, иҷрои қарорҳои Шурои машваратӣ вобаста ба тиҷорати электронӣ, истифодаи воситаҳои муосири соҳибкории бонувон ва ҷавонон мавриди барасӣ қарор гирифта, вобаста ба он қарорҳои дахлдор қабул гардид”,- зикр намуд – Намояндаи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти ҶТ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Абдурауф Ҷураев.
Ҳамин тавр, иштирокчиёни дигар доир ба имтиёзу сабукиҳои дар доираи Кодекси андози ҶТ ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ пешбинигардида маъруза намуданд. Ҳамзамон, дар дар идомаи ҳамоиш як қатор масъалаҳо аз ҷумла низоми фазои соҳибкорӣ дар кишвар, низоми андозбандӣ ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ, дастгирии лоиҳаҳои тиҷоратӣ мавриди барасӣ қарор гирифтанд.
Баҳруллои Маҳмадшариф
радиои “Тоҷикистон”