Мудири Агентии иттилоотии сайёҳии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон меояд

Интизор меравад, ки моҳи майи соли равон мудири Агентии иттилоотии сайёҳӣ, инчунин гурӯҳи  фаъолони шабакаҳои интернетии Арабистони Саудӣ бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меоянд. Ҳадаф аз ин сафар омӯзиш ва тарғиби зарфияти сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар робита ба ин зимни мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳи Тоҷиддин Ҷӯразода ва Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар бахши сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, ки дар мулоқот  ҳамзамон атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба ва иштироки намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Riyadh Travel Fair», ки моҳи майи имсол дар Арабистони  Саудӣ баргузор мегардад, табодули афкор сурат гирифт.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ зикр намуд, ки ҳоло  дар Тоҷикистон тамоми имконият дар самти рушди сайёҳӣ истифода мешаванд. Аз сӯи дигар, сиёсати дарҳои кушод имкон медиҳад, ки дилхоҳ сайёҳи хориҷӣ ба кишвари мо омада, бо Тоҷикистон- кишвари сарсабзу хуррам ва дорои тамаддуни бойи қадимӣ шинос шавад.

Дипломати Саудӣ ҳавасмандии кишварашро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ изҳор намуд.