Се куштигири Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё иштирок мекунанд

Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки аз 19-ум то 24-уми апрел дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон мусобиқаи куштии Чемпионати Осиё баргузор мегардад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа се паҳлавони маъруф – Муҳаммад Икромов дар вазни -61кг, Шуҳрат Бозоров дар вазни -79кг ва Искандари Рустам дар вазни -125кг муаррифӣ менамоянд. Варзишгарон аз намуди гуштини тарзи озод иштирок хоҳанд кард. Бояд зикр намуд, ки аз Тоҷикистон дар гуштини юнонию румӣ ва гуштини занона касе иштирок намекунад.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин (UWW), барои ширкат дар Чемпионати Осиё 270-варзишгар аз 18-кишвари қора дархост пешниҳод намудааст.

Чемпионати Осиё 19 апрел бо қувваозмоиҳои гуштини юнонӣ-римӣ оғоз гардида, 21-22 апрел бонувон, сипас 23-24 апрел гуштингирони тарзи озод ба сабқат шурӯъ мекунанд.

Сорбон Амонуллозода,

Радиои “Тоҷикистон”