Ҳунармандони тоҷик бо “Бунбаст” озими Туркия шуданд

Ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барои ширкат дар Ҷашнвораи театрии “Рӯзҳои Театри Ҷуҷеноғлу” ба шаҳри Истамбули Туркия сафар карданд.

Тавре дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин ҷашнвора театри мазкур намоиши “Бунбаст”-ро пешкаш менамояд.

Намоиши мазкур аз рӯи асари драмнависи турк Гунҷер Ҷуҷеноғлу дар таҳияи Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Қурбони Собир руйи саҳна омадааст.

Сафари ҳунарии ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аз 7 то 10 апрели соли равон давом мекунад.