Рамазон Раҳимзода барои кормандони милитсияи Душанбе “соати тарбиявӣ” гузашт

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар як ҳамоиш барои кормандони милитсияи шаҳри Душанбе аз одоби касбӣ гуфтааст.

“Таъмини сулҳу субот, мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва хавфнок аз ҳар корманди мақомоти милитсия зиракиву ҳушёрии беш аз пеш талаб менамояд. Махсусан дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, ки маркази маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, кормандони милитсия бояд бо донишу малакаи баланди касбӣ, одобу рафтор ва муоширату муомила  намуна бошанд”, – иброз доштааст вазири корҳои дохилӣ.

Ба гузориши дафтари матбуотии мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе, зимни ҳамоиш Рамазон Раҳимзода ба мушкилоти соҳа дахл намуда, мушкилоти мавҷудаи пойтахтро ба чолиш кашидааст.

Гуфта мешавад, ки вазири корҳои дохилӣ сатҳи ҷинояткорӣ миёни ҷавонону ноболиғон, қонуншиканӣ дар роҳ ва танбашавии воситаҳои нақлиётро баррасӣ намудааст.

Манбаъ меафзояд, барои рафъ шудани ин печидагиҳо аз сӯйи Раҳимзода ба масъулин дастурҳо шуд.