Душанбе мизбони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ бахшида ба иди Наврӯз

Санаи 21-уми марти соли равон бахшида ба иди Наврӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе Мусобиқаи 3-юми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ миёни мардон ва бонувон барои дарёфти «Ҷоми Пойтахт» баргузор мешавад.

Ҳалимҷон Набизода – сардори шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаби дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муҳаррири идораи ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳии Радиои Тоҷикистон Сорбон Амонуллозода иттилоъ дод.

Мусобиқа барои дарёфти “Ҷоми Пойтахт-2022” миёни мардон аз рӯи 5-вазн: -60кг, -70кг, -80кг, -90кг, ва +90кг баргузор мегардад. Миёни бонувон мусобиқа аз рӯи се вазн: -52кг, -70кг, ва -87кг ба нақша гирифта шудааст. Ғолибони мусобиқаи 3-юми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ миёни мардонро, 3-юми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ миёни мардонро, Шоҳҷоиза – мошини сабукрав интизор аст. Нафароне, ки медалҳои нуқра ва биринҷиро ба даст меоранд, бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Инчунин ғолибону ҷоизадорон миёни бонувон низ бо ҷоизапулӣ сарфароз хоҳанд шуд.

Миёни мардҳо барандагони медали нуқра бо маблағи 38 646 сомонӣ, барандагони медали биринҷӣ бо маблағи 12 882 сомонӣ, миёни бонувон барандагони медали тилло бо маблағи 38 646 сомонӣ, барандагони медали нуқра бо маблағи 25 764 сомонӣ ва барандагони медали биринҷӣ бо маблағи 12 882 сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд.