Акс: Абдуллоҳ Ғурбатӣ
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи манъи санҷиши фаъолияти соҳибкорон то оғози соли 2023, имтиёзҳои андозиву гумрукӣ барои воридоти нақлиёти барқӣ ва соҳаи пиллапарварӣ”, пайомадҳои буҳрони Украина ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, нигарониҳо аз афзоиши нархи маҳсулоти ниёзи аввал пеш аз моҳи Рамазон мавзӯъҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 17 март фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ”-ро нашр кардааст. Тибқи ин фармон, ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 мораторий эълон карда мешавад. Бар ин асос дар давраи татбиқи мораторий амали муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ боздошта мешавад. Назорати иҷрои ин фармони Президенти ҶТ бар зиммаи Прокуратураи генералӣ гузошта шудааст.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 14 март посухи Вазорати кишоварзиро дар мавриди нигаронӣ аз вазъи ногувори чарогоҳҳо дар кишварро нашр кардааст. Дар ин матлаби вазорати кишоварзӣ таъкид мешавад, ки дар ҷумҳурӣ беш аз 3 млн 831 ҳазор гектар чарогоҳ, аз ҷумла 786700 гектар чарогоҳи зимистона ва 2 млн 56 ҳзаор чарогоҳи тобистона мавҷуд аст.
Дар ин миён таъкид шудааст, ки мушкилоти асосии соҳа ин нобаробар тақсим гардидани чарогоҳҳо, истифодаи ҳамасола ва бетанаффус, вайроншавии ҳолати табиӣ ва ҳосилнокии онҳо, аз меъёр зиёд будани саршумори чорво дар чарогоҳҳо ва тағйирёбии иқлим мебошанд. Зеро тайи солҳои охир тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии он ба паст гардидани ҳосилнокӣ, таркиби биологӣ ва ғизонокии алафи чарогоҳҳо оварда расондааст.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 15 март менависад, ки вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи ахири хеш тарҳи тағйирот ба Кодексҳои андоз ва гумрукро тасвиб карданд.
Тибқи ин тағйирот аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андози аксиз ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти воситаҳои нақлиёти танҳо бо муҳаррики барқӣ ҳаракаткунанда, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо пешбинӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки соли 2021 ба Тоҷикистон 64 адад нақлиёти барқӣ, аз ҷумла электробус, тролейбус ва мошини сабукрав ворид карда шудааст.
Инчунин бо ҳадафи рушди соҳаҳои пиллапарварӣ, шоҳибофӣ, атласу адрасбофӣ дар лоиҳа муқаррарот дар бораи 10 сол аз пардохти андози замин, андози ягонаи кишоварзӣ барои заминтҳои тутзор, пардохти андозҳо, ба истиснои андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ, озод намудани шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии абрешимӣ машғуланд, пешбинӣ гардидааст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 16 март мақолае бо номи “Орд дар хоб чӣ таъбир дорад?” чанд саволро барои блоки иқтисодии мақомоти иҷроия матраҳ кардааст. Дар ин матлаб афзоиши якбораи нархи маҳсулоти ниёзи аввал мисли орду шакар ва равған дар бозорҳои кишвар ва роҳҳои коҳиши таъсири буҳрони Украина ба иқтисоди Тоҷикистонро, бо истифода аз жанри хоси публисистӣ баррасӣ кардааст.
Инчунин нашрия дар идомаи ин мавзӯъ матлабе дигаре бо номи “Бевиҷдон” нашр карда, аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки бо фаро расидани моҳи мубораки Рамазон баъди ду ҳафтаи оянда, нархҳо дар бозор боз бори дигар боло мераванд. Муаллиф барои ҳалли ин мушкилот, тақвияти назорат аз болои фаъолияти соҳибкорон дар бозорҳоро танҳо роҳи танзими нархҳо донистааст.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар ин шумораи хеш ҳамчунин бо табиби шинохта Ҷумъабой Сангинов, ки солҳои зиёде фаъолиятҳои сиёсӣ низ доштааст, ба муносибати расидани ба синни ҳафтод мусоҳибае анҷом додааст. Дар бахше аз ин мусоҳиба Ҷумъабой Сангинов, ки замоне узви Комиссияи масъалаҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон буд, таъкид кардааст, танҳо санади ҳуқуқие, ки тақсимоти миллӣ – марзӣ миён ду кишварро муайян мекунад, ҳуҷҷати марбутаи соли 1924 аст.
Ба гуфтаи вай, ҳудудҳое ки дар харитаҳои солҳои 1924-1927 нишон дода шудааст, бояд асоси муйаян кардани марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон бошад, аммо ҷониби Бишкек мехоҳад ба сададҳое такя кунад, ки заминаи ҳуқуқӣ надоранд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 17 март ин мавзӯъро матраҳ кардааст, ки оё манъи содироти 200 намуди маҳсулот, аз ҷумла ғалладонау шакар аз Русия ба бозорҳои Тоҷикистон таъсир хоҳад гузошт ё на?
Иқтисодшинос Умед Ҷӯраев ба нашрия гуфтааст, бо назардошти он ки мизони воридоти шакар аз Русия танҳо 15 дарсадро ташкил медиҳад, Тоҷикистон метавонад камбуди онро ба василаи воридоти ин маҳсулот аз дигар кишварҳо, аз ҷумла Покистон ҷуброн кунад. Ба гуфтаи ин коршинос, дар масъалаи воридоти ғалла Тоҷикистон метавонад воридоти гандум аз Қазоқистонро бештар карда, ин мушкилро ҳал кунад.
Ҳамзамон, ба гуфтаи Умед Ҷӯраев, айни замон Тоҷикистон бештар аз дигар маҳсулот ба воридоти равғани растанӣ аз Русия вобаста аст, ки 60 дарсади бозори кишварро дар бар мегирад. Агар Русия содироти ин намуди маҳсулотро манъ кунад, дар он сурат нархи равған дар бозорҳои Тоҷикистон ба таври чашмгир боло хоҳад рафт.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре ёдовар шудааст, ки моҳи марти соли 1933 дар пойтахти Тоҷикистон аввалин коргоҳи истеҳсоли нахи абрешим ба фаъолият оғоз кард, ки дар замони шӯравӣ аз ҷумлаи беҳтарин корхонаҳои саноати сабук дар маҳдудаи Иттиҳоди шуравӣ дониста мешуд.
Нашрия менависад, ки корхонаи мазкур дар соли 1990 15 млн 230 ҳазор метр матои мухталиф истеҳсол карда, он замон дар ин коргоҳ беш аз 3 ҳазор нафар ва аксаран занон фаъолият доштанд. Ба навиштаи муаллиф, дар ҳоли ҳозир соҳаи пилапарварӣ дар Тоҷикситон вазъияти ногуворе дошта, соли 2021 дар кишвар 387 тонна пила истеҳсол шуд, дар ҳоле ки ин нишондод дар соли 1990 4528 тонна буд.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 17 март ин саволро матраҳ кардааст, ки чаро барои рушди пардохтҳои ғайринақдӣ таваҷҷуҳ кам аст. Муаллиф аз қавли масъулини шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар навиштааст, ки дар ҳудуди ин минтақа ҳамагӣ 243 адад POS – терминлаҳои пардохтӣ ва 630 QR-код насб карда шуда, дар соли 2021 тавассути онҳо танҳо ба маблағи 12 млн сомонӣ амалиётҳои ғайринақдӣ анҷом дода шудааст.
Аз сӯи дигар, муаллиф аз қавли коршиносон навиштааст, ки ҳанӯз қисмати зиёди сокинони кишвар дар манотиқ аз низоми пардохтҳои ғайринақдӣ огоҳии зарурӣ надоранд. Гузашта аз ин аксари мардуми кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва дар маҳалли зисти онҳо шароити истифода аз пардохтҳои ғайринақдӣ вуҷуд надорад.
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ,
Радиои “Тоҷикистон”