Дар Душанбе Чемпионати CAFA-2022 миёни бонувони то 18-сола баргузор мегардад

Рӯзҳои 1115 март дар шаҳри Душанбе Чемпионати CAFA байни дастаҳои яккачини занонаи ҷавонони то 18-сола баргузор мегардад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, дар доираи Чемпионати CAFA-2022 шаш бозӣ сурат гирифта, он дар Варзишгоҳи марказии Душанбе мегузарад. Давомнокии сабқат 90 дақиқаро дарбар мегирад.

Барои унвони беҳтарин тими минтақа дастаҳои занонаи ҷавонон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Қирғизистон миёни ҳам рақобат хоҳанд кард. Дастаи занонаи ҷавонони Тоҷикистон (U-18)-ро ба ин мусобиқа сармураббӣ Иззатулло Исҳоқов омода мекунад.

Тибқи низомнома, Чемпионати CAFA байни дастаҳои занонаи ҷавонони то 18-сола аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи теъдоди бештари холҳо муайян мегардад.

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои ҷавонон миёни бонувон (U-18)

Иштирокдорон: ТОҶИКИСТОН, Ӯзбекистон, Эрон, Қирғизистон.

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум

11-март (ҷумъа)

Соати 14:00 Ӯзбекистон – Эрон

Соати 17:00 ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Даври 2-юм

13-март (якшанбе)

Соати 14:00 Қирғизистон – Ӯзбекистон

Соати 17:00 Эрон – ТОҶИКИСТОН

Даври 3-юм

15-март (сешанбе)

Соати 14:00 Эрон — Қирғизистон

Соати 17:00 ТОҶИКИСТОН — Ӯзбекистон

Сорбон Амонуллозода,

Радиои «Тоҷикистон