Дар Душанбе се филм аз сарнавишти се зан намоиш дода мешавад

Коллаж / Радиои “Тоҷикистон”

Рӯзи 7 март соати 16:00 дар кинотеатри “Зебуннисо” се филми кӯтоҳи “Сарбор”, “Насиб” ва “Худфиребӣ” (Обмани себя) аз коргардонҳои тоҷик намоиш дода мешавад. Дар ин бора коргардони яке аз филмҳо Манзаралӣ Шералӣ дар сафҳаи фейсбукияш хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ин филмҳо дар бораи сарнавишти се зан қисса мекунад.
Филми кӯтоҳи “Сарбор”-и коргардон Манзаралӣ Шералӣ соли 2021 дар студияи “Симурғ синамо” сохта шуда, он 20 дақиқаро дарбар мегирад. Ин филм пиромуни фурӯпошии оилаҳои ҷавон буда, соҳиби 8 ҷоизаи олии ҷашнвораҳои байналмилалӣ мебошад. “Сарбор” дар чаҳор моҳ 4 ҷоизаи “Беҳтарин филм”, 1 ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона”, 1 ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона”, 1 ҷоизаи “Барои беҳтарин коргардонӣ” ва 1 ҷоизаи махсуси ҳакамон “Барои ҷасорати гуфтан”-ро ба даст овардааст.
Филми дигари намоиш “Насиб” аз коргардон Шарофат Арабова буда, истеҳсоли соли 2021 аст. Филм аз рӯзгори як хонаводае бозгӯӣ мекунад, ки дар садади азҳампошӣ қарор дорад. “Насиб” ҳамагӣ 20 дақиқа буда, воқеаҳои он дар Душанбе мегузарад.
Филми сеюм “Худфиребӣ” унвон дошта, аввалин кори коргардонии ровии телевизион ва ҳунарпешаи синамо Таҳмина Раҷабова аст. Филм сохти соли 2020 буда, давомнокии он 28 дақиқаро ташкил медиҳад. “Худфиребӣ” мавзӯи ишқи ду ҳамсинфро дарбар гирифта, рафти филм дар шаҳри Душанбе сурат мегирад.
Зикр мегардад, ки ин филмҳо ба муносибати 8 март – Рӯзи модарон барои тамошобинон намоиш дода мешавад.

Ардашер Пайванд,

Радиои “Тоҷикистон”