Фардо, 24-феврал, дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала-Лумпур қуръакашии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2023 баргузор мегардад. Дар ҷараёни он, рақибони тими миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Дар ҷараёни қуръакашӣ тими миллии Тоҷикистон, ки дар раддабандии ФИФА дар ҷои 115-ум қарор дорад, бо мунтахаби Тайланд, Филиппин, Туркманистон, Кувайт ва Ҳонконг дар сабади дувум қарор гирифт.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 6-гурӯҳ иборат аз 4-даста ташкил карда мешавад. Бозиҳои даври гурӯҳии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар шакли мутамарказ дар як давр – рӯзҳои 8-ум, 11-ум ва 14-уми июн баргузор мешаванд.
Ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 11-даста – 6-ғолиби гурӯҳ ва ҳамчунин 5-дастае, ки бо натиҷаи беҳтарин дар ҷойи дувум қарор гирифтанд, роҳ меёбанд.
Бояд гуфт, ки аллакай дастаҳои Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, АМА, Лубнон, Ироқ, Сурия, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Австралия, Уммон, Ветнам, Чин ва Қатар ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтаанд.
Таркиби сабадҳо пеш аз қуръакашӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023:
Сабади 1-ум: Ӯзбекистон, Баҳрайн, Урдун, Қирғизистон, Фаластин, Ҳиндустон.
Сабади 2-юм: Тайланд, Тоҷикистон, Филиппин, Туркманистон, Қувайт, Ҳонконг.
Сабади 3-юм: Афғонистон, Яман, Мянма, Малайзия, Малдив, Индонезия.
Сабади 4-ум: Сингапур, Непал, Камбоҷа, Муғулистон, Бангладеш, Шри-Ланка.