29 сол қабл, замоне, ки давлати ҷавони Тоҷикистон дар роҳи бунёди аркони давлатдории мустақил қадамҳои нахустини худро мегузошт, Артиши миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарини он таъсис дода шуд. Ва ин рӯз ҳамасола дар саросари мамлакат бо ифтихору эҳсоси баланди миллӣ таҷлил карда мешавад. Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухбири АМИТ «Ховар» Шаҳлои САДРИДДИН бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ МИРЗО суҳбат намуд.
АМИТ «Ховар»: — Раванди бунёд ва таҳкиму тақвият бахшидану ба неруи пурқудрат табдил додани Артиши миллӣ барои Тоҷикистони тозаистиқлол чӣ гуна буд?
Шералӣ Мирзо: — Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ сарфи назар аз он ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё муноқишаҳои дохилӣ фарогир буданд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне, Артиши миллии мо дар ҷойи холӣ, аз сифр бунёд гардид.
18 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи қувваҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рўз расман санаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Албатта, бунёд ва таҳкиму тақвият бахшидану ба неруи пурқудрат табдил додани Артиши миллӣ барои Тоҷикистони тозаистиқлол, ки дар марҳилаи гузариш қарор дошту аз як сохти давлатдорӣ ба кишвари соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона табдил меёфт, дар он солҳо кори осон набуд. Новобаста аз вазъияти ниҳоят душвор ва бисёр ҳассос барои Тоҷикистони тозаистиқлол, дар он солҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми шароиту имконияти мавҷуда истифода бурда, ҷиҳати мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳдошти шароити хизмативу майишӣ, заминаҳои моддӣ-техникӣ ва баҳри боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои муҳиму саривақтӣ роҳандозӣ менамуданд.
Бояд бигӯям, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои таъсис се марҳиларо паси сар намудааст.
Даври аввал, ки аллакай пушти сар шуд, даври ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, ки ин давр бомуваффақият анҷом ёфт.
Даври дуюм, марҳилаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омўзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки он ҳанўз идома дорад.
Даври асосӣ-ин бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад. Илова бар ин, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанўз ҳам идома дорад.
АМИТ «Ховар»: — Омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом сатҳ қарор дорад?
Шералӣ Мирзо: — Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардонидани шароити моддӣ-техникӣ ва боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ғамхориҳои пайваста зоҳир менамояд. Ҳамасола дар доираи нақшаи мудофиаи Тоҷиикистон ва нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳар сол дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ ва дар ҳамоҳангӣ бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ё худ захираҳои сафарбарӣ ва сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайваста ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулияти омодагии сафарбарӣ, маҷмўи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими низомӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд, ки ин ҳама албатта, дар самти тақвият бахшидани омодабошии ҷангии Артиши миллӣ ва баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодӣ таъсири хуб мерасонанд.
Илова бар ин, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ ва паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ, чӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва чӣ берун аз он дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар сол тибқи нақша пайваста машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ доир намуда, дар размоишҳои муштараки минтақавию байналмилалӣ низ фаъолона иштирок менамоянд.
АМИТ «Ховар»: — Соли сипаригардида барои Артиши миллӣ дар самти баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар чӣ гуна сол буд?
Шералӣ Мирзо: — Соли 2021 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Артиши миллӣ дар самти баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар соли хотирмон ва пур аз навгониҳо арзёбӣ мешавад. Аз ҷумла, дар таърихи Истиқлоли давлатӣ бори нахуст тибқи Фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ бо мақсади санҷиши дараҷаи омодабошии доимӣ бо бонги пурраи хатари ҷангии “МАРЗ-2021” бардошта шуда, ба он зиёда аз 100 ҳазор нафар хизматчии ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун, беш аз 130 ҳазор нафар қувваҳои эҳтиётӣ ё захираҳои сафарбарӣ ҷалб карда шуданд. Ҳамчунин дар санҷиши омодабошии ҷангӣ 1023 адад техникаҳои зиреҳпўши ҷангӣ, 3167 техникаҳои автомобилӣ ва махсус, 447 воситаҳои артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 адад чархболу ҳавопаймоҳои ҷангиву нақлиётӣ истифода шуданд.
Бояд бигӯям, ки соли 2022 хизматчиёни ҳарбии Баталиони сулҷўёнаи Қўшунҳои зудамал дар доираи қарори қабулнамудаи Шӯрои амнияти дастҷамъии ин созмон, дар баробари дигар давлатҳои узви СААД, баҳри иҷрои рисолати сулҳҷўёнаву башардўстонаи хеш ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафарбар гардида, баҳри ба эътидол овардану муътадил нигоҳ доштани вазъ дар ин давлати аъзои Созмон, ҳифзу ҳимояи бинову иншооти муҳими давлатӣ, мавзеъҳои дорои таъйиноти иҷтимоӣ ва дар самти расонидани кумаки амалӣ ба сохторҳои қудратии ин кишвар вазифаҳои ба онҳо вогузоршударо бо сарбаландӣ иҷро намуданд.
Ҳамаи ин тадбирҳо имкон доданд, ки давоми 29 соли фаъолият ва бурду бохти Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҳисоби афсарону сарбозон ҳазорҳо нафар мутахассисони соҳаҳои низомӣ, аз қабили нишонгир-снайперҳо, тирандозони силоҳу муҳимоти мухталифи ҷангӣ, парашутистон, минаҷўён, нишонгиру ронанда, экипажи техникаҳои вазнини зиреҳпўши ҷангӣ, ҳавонавардони ҳарбӣ ва дигар ихтисосҳое, ки барои Артиши миллии Тоҷикистон заруранд, омода гардида, онҳо ба ҳайси неруҳои эҳтиётӣ, ё худ захираҳои сафарбарӣ дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ қарор дода шаванд.
АМИТ «Ховар»: — 29 январи соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар заминаи меъёрҳои қонуни амалкунанда дар тарҳи нав қабул карда шуд. Мехостам ба ин мавзӯъ равшанӣ андозед.
Шералӣ Мирзо: — Қонуни мазкур дар асоси таҳлилу омўзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои дуру наздики хориҷӣ таҳия гардида, он ба талабот ва шароити ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудааст. Илова бар ин, қонуни зикргардида якчанд навовариҳоро вобаста ба тартиби даъват ба хизмати ҳарбӣ, бақайдгирии шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулиятнокии онҳо, тартиби адои хизмати ҳарбӣ, мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ намуда, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ равона шудааст.
Қонуни мазкур се шакли хизмати ҳарбиро муайян намудааст. Онҳое, ки пас аз хатми муассисаҳои миёна ва миёнаи касбӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд, муҳлати хизмати онҳо 24 моҳро дар бар мегирад. Шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад. Онҳое, ки муассисаҳои олиро бидуни омўзиш дар кафедраҳои ҳарбӣ хатм кардаанд, онҳо низ ба муддати 12 моҳ ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мегарданд, вале баъди анҷоми муҳлати хизмат ба онҳо рутбаи ҳарбии то сержант дода мешавад.
Хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ навоварӣ ва шакли нави хизмати ҳарбист. Шаҳрвандони синни даъватие, ки ҳуқуқи озод шудан ва ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, метавонанд ихтиёран ва бо пардохти маблағи муайян, ки андозаи он мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 30 июли соли 2021, 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда шудааст, бо роҳи гузаштани ҷамъомади ҳарбии якмоҳа уҳдадории ҳарбии худро адо намуда, бо гирифтани билети ҳарбӣ ва рутбаи сарбози қаторӣ ба ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ворид карда шаванд.
Бо ҳамин тартиб, нимаи дуюми моҳи январи соли 2022 дар пойгоҳи марказҳои таълимии “Фахробод”-и вилояти Хатлон ва “Чоруқдарон”-и вилояти Суғд аллакай теъдоди муайяни сарбозоне, ки ихтиёран ва бо пардохти маблағи муқарраршуда ба ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ҷалб гардида буданд, уҳдадорӣ ё худ хизмати ҳарбиро бо гузаштан аз ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ адо карда, баҳри садоқат ба халқу Ватан савганди ҳарбӣ ёд намуданд ва ба ҳайати захираҳои эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд.
АМИТ «Ховар»: — Асоси пешравии ҳар низому сохторро хамкории байналмилалӣ ташкил медиҳад. Дар ин самт Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ корҳоро ба сомон расонидааст?
Шералӣ Мирзо: — Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо кишварҳои дуру наздики хориҷӣ муносибатҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва ғайраро таҳкиму густариш дод. Дар ин замина бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ давоми ин солҳо ривоҷу равнақ ёфт. Айни замон Вазорати мудофиаи мамлакат бо зиёда аз 50 кишвари олам ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии дуҷонибаву бисёрҷониба ба роҳ мондааст. Вобаста ба ин, ҳамкории самарабахши Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, “Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Дастгирии кўшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи проблемаҳои минаҳо» ва дигар ташкилоти бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ кардан мумкин аст.
Ҳамкориву ҳамоҳангии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ба мо дўсту ҳампаймон ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомўзӣ дар муборизаи муштараки зидди террористӣ, ташкили пайвастаи машқу унсурҳои мухталифи низомӣ, омодасозии афсарони касбӣ ва расонидани кумакҳои техникӣ ба артиши ҷавони кишвар сол аз сол густариш меёбад.
АМИТ «Ховар»: — Бо мақсади пешгирӣ намудани қонуншиканӣ ва дигар рафторҳои ғайриоинномавӣ миёни ҳайати шахсии ҷузъу томҳо чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Шералӣ Мирзо: — 20 феврали соли 2015 бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба имзо расонида шуд, ки он тартиб, моҳият ва мавқеи системаи корҳои сиёсию тарбиявиро вобаста ба амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ, таъмин намудани ҳолати ахлоқию рўҳии ҳайати шахсӣ, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани мақом ва обрўю эътибори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷомеа таъмин менамояд.Чунки сатҳи омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон аз маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон, сайқал додани донишҳои сиёсиву низомӣ ва ба эҳсоси баланди ватандўстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии зиёд дорад. Ин аст, ки хизматчиёни ҳарбии қисму воҳидҳои низомӣ иштирокчиёни фаъоли ҳама гуна чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявиянд.
Бо мақсади пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, аз байн бурдани сатҳи содиршавии ҷинояткорӣ ва дигар рафторҳои ғайриойинномавӣ дар миёни ҳайати шахсии ҷузъу томҳо корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бурда мешаванд.
Дар ин замина дастурамалҳои методӣ, рўзномаву маҷаллаҳо, китобу дигар маҷмўаҳои илмӣ-методӣ ба табъ расонида шуда, барномаҳои рангини телевизионӣ, филмҳои тарғибкунандаи ватандўстӣ ва амсоли ин таҳия ва манзури хизматчиёни ҳарбӣ гардонида мешаванд. Ҳамзамон дар қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва маишиву фароғатӣ доир мегарданд. Барои амалӣ намудани чунин корҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи мамлакат, мавзеъҳои истироҳатӣ, китобхона ва дигар толорҳои фарҳангиву фароғатӣ шароит муҳайё гаштааст.
Вазорати мудофиаи кишвар ҳамкории судмандро бо тамоми вазорату идораҳо, сохтору мақомоти давлативу қудратӣ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷанговарони башардўст, волидони хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар афроди некбини ҷомеа таҳким бахшида, дар ин замина корҳои зиёду назаррас амалӣ менамояд. Илова бар ин, барои боз ҳам мустаҳкам намудани робитаи хизматчиёни ҳарбӣ бо аҳли ҷомеа пайваста дар қисму воҳидҳои низомӣ суҳбату вохўрии сарбозон бо волидону толибилмони мактабҳои миёна, ҷавонони то синни даъватӣ, масъулини вазорату кумитаҳо, идораҳои давлатӣ, аҳли зиёи мамлакат ва шоирону адибони маъруфи кишвар доир гардида, ҳамчунин доимо маҳфилу озмунҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд.
АКСҲО: Вазорати мудофиаи ҶТ