Соли сипаригардида ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 296 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ташриф оварданд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотии солонаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси ин Кумита баён намуд.
Ба иттилои манбаъ, ин омор нисбат ба соли 2021 15, 3 фоиз кам аст, аммо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эзоҳ медиҳад, ки дар давраи пандемияи соли 2021 (296,3 ҳазор нафар) ин шумора нисбат ба нуҳ моҳи авҷи КОВИД 19 дар соли 2020 (апрел-декабр) (62,2 ҳазор нафар) 4,7 баробар бештар мебошад.
Дар мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар бахши сайёҳӣ 290 субъекти хизматрасони сайёҳӣ фаъолияти густурда доранд. Аз ин омор 182 меҳмонхона, 30 адад хостел ва мотелҳо, 50 осоишгоҳ ва дигар марказҳои солимгардонӣ, муолиҷавӣ ва истироҳатӣ, кемпингҳо ва чор адад пойгоҳи сайёҳию истироҳатӣ ба сайёҳон хизмат мерасонанд.