ТИМИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН (U-16) БО ТИМИ МОЛДОВА БОЗИИ МУСОВӢ АНҶОМ ДОД

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Рушд-2022” бозии аввалини худ бо тими Молдоваро мусовӣ кард. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, бозии мазкур бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт.

Гуфта мешавад, голи аввалро ба дарвозаи ҳариф Масрур Ғафуров ба самар расонида, голи дуюмро молдавияхо худ ба дарвоза ворид намуданд.

Дастаи Зайниддин Раҳимов бозии навбатии худро дар Ҷоми Рушд-2022 рӯзи чаҳоршанбеи 9 феврал бо ҳамсолонашон аз кишвари Белорус анҷом медиҳад. Бозӣ соати 17:40 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Минск даҳ даста ширкат мекунанд, ки ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” якҷо бо тимҳои миллии Белорус (U-16), Қирғизистон (U-16), Молдова (U-16) ва тими “Динамо-Минск” (U-17) рақобат менамояд. Дар гурӯҳи “В” Белорус (U-17), Ӯзбекистон (U-17), Гурҷистон (U-17), Исроил (U-17) ва Минск (U-17) миёни ҳам сабқат менамоянд.

Дар марҳилаи аввал дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ дар як давр бозӣ мекунанд. Баъдан ғолибони гурӯҳҳо дар даври ниҳоӣ барои Ҷом ва дастаҳое, ки ҷойҳои дуюмро соҳиб шуданд, барои медали биринҷӣ вомехӯранд. Иштирокчиёни боқимонда бо назардошти ҷойҳои ишғолкардаи гурӯҳҳо бозиҳои плей-оффро мегузаронанд.

Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2022”

Гурӯҳи “А”

Даври 1-ум

Беларус (U-16) – Қирғизистон (U-16) – 4:1

Молдова (U-16) – Динамо-Минск (U-17) – 0:1

Даври 2-юм

Тоҷикистон (U-16) – Молдова (U-16) – 2:2

Соати 17:40 “Динамо-Минск” (U-17) — Белоруссия (U-16).

Гурӯҳи “В”

Даври 1-ум

Исроил (U-17) – Минск (U-17) – 5:0

Белоруссия (U-17) – Ӯзбекистон (U-17) – 4:2

Даври 2-юм

Соати 15:20 Гурҷистон (U-17) – Исроил (U-17)

 Соати 20:00 Минск (U-17) – Белоруссия (U-17)

Тақвими бозиҳои боқимондаи мусобиқа:

Даври 3-юм

9-феврал (чоршанбе)

Соати 13:00 Қирғизистон (U-16) – Динамо-Минск (U-17)

Соати 15:20 Ӯзбекистон (U-17) – Минск (U-17)

Соати 17:40 Белоруссия (U-16) — Тоҷикистон (U-16)

Соати 20:00 – Белоруссия (U-17) – Гурҷистон (U-17)

Даври 4-ум

10-феврал (панҷшанбе)

Соати 13:00 Қирғизистон (U-16) – Молдова (U-16)

Соати 15:20 Ӯзбекистон (U-17) – Исроил (U-17)

Соати 17:40 “Динамо-Минск” (U-17) — Тоҷикистон (U-16).

Соати 20:00 Гурҷистон (U-17) – Минск (U-17)

Даври 5-ум

12-феврал (шанбе)

Соати 13:00 Тоҷикистон (U-16) – Қирғизистон (U-16)

Соати 15:20 Гурҷистон (U-17) – Ӯзбекистон (U-17)

Соати 17:40 Молдова (U-16) – Белоруссия (U-16)

Соати 20:00 Исроил (U-17) – Белоруссия (U-17)

13-феврал (якшанбе)

Соати 13:00 Бозӣ барои ҷои 9-ум (аренаи ABFF)

Соати 14:00 Бозӣ барои ҷои 7-ум

Соати 15:20 Бозӣ барои ҷои 5-ум (аренаи ABFF)

Соати 16:20 Бозӣ барои ҷойи 3-юм

Соати 18:40  Финал

Сорбон Амонуллозода,

Радиои “Тоҷикистон”