Дар Тоҷикистон таъсиси Литсейи молия ва иқтисод дар назар аст.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон тасмим дорад, дар соли 2022 Литсейи молия ва иқтисодро созмон бидиҳад.
Ин нуктаро Шералӣ Хайрзода, ректори ин донишгоҳ имрӯз дар суҳбат бо рӯзноманигорон баён намуд.
“Барои ин аллакай ҳуҷҷатҳои дахлдор ба вазорату идораҳои марбута ирсол гардидаанд. Дар сурати тайъид шудани он волидон имкон доранд фарзандони худро барои соҳаи иқтисодӣ аз хурдӣ омода намоянд”, – изҳор дошт Хайрзода.
Ӯ афзуд, бо роҳандозии ин муассисаи таълимӣ, барои соли таҳсили 2022-2023 хонандагон аз синфи 1 то 9 қабул хоҳанд шуд.
Ҳамчунин дар соли 2022 дар донишгоҳ қабули донишҷӯён ба ихтисоси нав – иқтисоди рақамӣ дар назар дошта шудааст.
Шоистаи Аҳмад,
Радиои “Тоҷикистон”