Телевизиони нав кай ба кор оғоз мекунад? Посухи Нуриддин Саид

Акс: Ардашер Пайванд

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, шабакаи нави телевизионӣ дар остонаи ҷашни Наврӯз ба кор мепардозад.

Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои кишвар имрӯз дар нишасти матбуотияш гуфт, айни замон дар бинои телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таъмиру навсозӣ идома дорад.

“Корҳои таъмиру навсозӣ дар бинои телевизион қариб ба анҷом расида, хатти нахи нурӣ то бинои Маркази интиқоли мавҷҳои радио ва телевизиони №1 бо дарозии 900 метр таъмин гардида истода, васли оби гарму хатҳои телефон наздик ба анҷомёбист”, – гуфт раиси кумита.

Ӯ афзуд, дастгоҳу таҷҳизоти муассисаи мазкур истеҳсоли кишварҳои Аврупо буда, дорои сифат ва дақиқияти баланди пахши навору садо мебошад.

Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2021, №272 таъсис дода шудааст.

Шабака дар бинои собиқи Пажӯҳишгоҳи давлатии илмӣ-тадқиқотии саноати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст, ки аз 3 ошёна иборат буда, дорои беш аз 40 утоқи корӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон 14 шабакаи телевизионии давлатӣ амал мекунад.

Дар соли 2021 шабакаи телевизионии «Илм ва табиат» низ ба фаъолият пардохта буд.