Сомон Маҳмадбеков бинобар сабаби мусбат баромадани санҷиши сирояти СOVID-19 дар мусобиқаи Grand Prix Portugal 2022 иштирок карда наметавонад. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар дод.
Қаблан гуфта мешуд, ки Сомон Маҳмадбеков Тоҷикистонро дар Grand Prix Portugal 2022 дар вазни (-73 кг) намояндагӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқа рӯзҳои 28-30 январ баргузор мегардад.
Паҳлавони дигари тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни то (-90 кг) Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳад кард.
Сорбон Амонуллозода,
Радиои “Тоҷикистон”