Мутахассиси 55-солаи хорватиягӣ Петр Сегрт сармураббии нави тими миллии футболи Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ мунтахаби кишварро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 8 то 14 июн дар шакли мутамаркиз баргузор мешавад, омода мекунад.
Интихоби Петр Сегрт ба ин мақом имрӯз дар ҷаласали Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Петр Сегрт кист?
Петр Сегрт 8 майи соли 1966 дар Хорватия ба дунё омадааст, вале аз хурдӣ дар Олмон зиндагӣ кардааст. Ҳамчун футболбоз дар бошгоҳҳои ҳаваскорони Олмон бозӣ намуда, фаъолияти мураббигии худро маҳз аз ин ҷо оғоз кардааст. Баъдан шомили ситоди мураббиёни “Дуйсбург” ва “Валдхоф” шуда, мустақилона бошгоҳҳои австриягии “Леобен”, “Рид” ва “Винер Шпорт-Клуб”-ро тамрин додааст.
Соли 2006 бо даъвати Топмёллер Сегрт ба Гурҷистон даъват мешавад, ки раҳбарии мунтахаби ҷавонони ин кишварро ба ӯ вогузор мекунанд. Пас аз рафтани ҳамватани худ Петр Сегрт дар ду бозӣ иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими миллии Гурҷистонро ба зимма дошт.
Пас аз тарк кардани Гурҷистон, Сегрт чанд сол дар дастаҳои Индонезия – “Бали Девата” ва “ПСМ Макассар” фаъолият кардааст. Баъд аз ин мутахассиси хорватӣ тими миллии Афғонистонро дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 раҳбарӣ намудааст.
Соли 2018 ӯ тими Молдивро роҳбарӣ карда, бо он ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ-2018 гардид.
Мутахассис муддати тӯлонӣ бо бозигарони ҷавон бомуваффақият кор карда, барои ин унвони “меъмор”-ро ба даст овардааст.
Сорбон Амонуллозода,
Радиои «Тоҷикистон”