Тайи як моҳи охир қимати чиптаи парвозҳо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия наздики ду баробар афзоиш ёфтааст.
Агар дар моҳи декабр ширкатҳои ҳавоӣ мусофиронро аз Тоҷикистон ба Маскав ба нархи аз 2 то 4 ҳазор сомонӣ мерасониданд, ҳоло аз 5600 то 6200 сомонӣ баробар шудааст, ки ин нисбат ба моҳи гузашта 100 дарсад баланд гардидааст. Намояндагони ширкатҳои ҳавоӣ боло бурдани нархро ба зиёд шудани талабот рабт додаанд.
Зимни як пурсиш дар нуқтаҳои чиптафурӯшӣ ба мо маълум гардид, ки нархи чиптаҳо аз 5800 то 6100 сомонӣ буда, то охири моҳи январ чипта ба ягон шаҳри Русия дастрас нест.
Баъзе аз мусофирони мунтазир дар назди нуқтаҳои чиптафурӯшӣ дар суҳбат бо мо гуфтанд, ки дар интизори хариди чиптаи ҳавопаймо ҳастанд. Додхудо Каримов яке аз онҳост:
“Барои харидани чипта омадем. Бо вуҷуди гарон будани нархи чипта боз дар рӯзҳои наздик ба ягон самти шаҳрҳои Русия чипта нест. Танҳо чиптаҳоро бо нархи тақрибан 5820 сомонӣ фурӯхта истодаанд. Дар нуқтаҳои чиптафурӯшӣ медароем мегӯянд, ки дар рӯзҳои наздик чипта надорем. Агар бошад ҳам, ба воситаи миёнаравҳо фурӯхта истодаанд”.
Ҳамсуҳбатони дигари мо низ дар назди дуконҳои чиптафурӯшии шаҳри Душанбе аз яку якбора боло рафтани арзиши чиптаи ҳавопаймо нигаронӣ карда, дар суҳбат ба Радиои “Тоҷикистон” чунин гуфтанд:
“Як моҳ пеш барои додарам бо нархи 2800 сомонӣ чипта харидам. Ҳоло мехоҳам, ки ба Маскав равам. Нархи чипта дар осмон аст, аз 6000 боло гап мезананд. Қарз гирифтам, боз ҳам пулам намерасад. Душвор аст, намедонам куҷо муроҷиат кунем”.
Дар ин хусус мо ҷиҳати равшанӣ андохтан ба ин масъала бо намояндаи ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии” дар Тоҷикистон Умед Лолаев ҳамсуҳбат шудем, ки ӯ дар мавриди нархи чипта чунин гуфт:
“Мардум харида истодаанд. Фурӯши чипта озод аст. Дар як парвози ҳавопаймо барои 160 нафар ҷойи нишаст мебошад. Вақте ки ҳамин ҷойҳо пур шуд, то парвози навбатӣ фурӯши чипта қатъ мегардад”.
Ногуфта намонад, ки аксари мусофирон аз беасос боло рафтани нархи чиптаи ҳавопаймо нигарон буда, ба ин далел қисме аз мусофирон тавассути кишвари Ӯзбекистон ба Русия парвоз мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 18-уми январ Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон бо баргузории як ҷаласа аз ширкатҳои ҳавопаймоие, ки ба Русия парвозҳо анҷом медиҳанд, талаб кард, ки нархи чиптаро пойин баранд. Тибқи қарори ин ниҳод нархи чиптаи парвоз аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия барои рафту баргашт набояд аз 500 доллари амрикоӣ бештар бошад.
Наҷибуллои Ҳомидҷон,
Радиои “Тоҷикистон»