11 муштзани тоҷик барои қаҳрамонии Осиё сабқат менамоянд

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ҷараён дорад, ҳамагӣ 18 намояндаи Тоҷикистон ширкат варзида, 7 нафар қувваозмоиҳоро бохтанд ва аз ҳаққи идомаи мусобиқа ба давраи нимфиналӣ ва 2 нафар ба даври финалӣ роҳ ёфтанд.

Имрӯз 27 январ дар даври нимфиналӣ қувваозмоиҳои зерин баргузор мешаванд:

51кг – Акбаралӣ Абдураҳмонзода – Ҷаъфар Ҳошим Мусо (Ироқ);

57кг – Хусравхон Раҳимов – Дилшод Абдумуров (Узбекистон);

67кг – Расул Аҳадов – Ҷавлонбек Юлдошев (Ӯзбекистон);

48кг – Сумайя Қосимова – Ҳикару Като (Ҷопон);

52кг – Ҳусния Холова – Фирӯза Казакова (Ӯзбекистон);

63кг – Малика Нозимова – Мунмарсурен Тсегтсегдари (Муғулистон);

75кг – Абдумалик Болтаев – Ризо Толиб Ҷаббор (Ироқ);

80кг – Некрӯз Салимов – Омурбек Бекжигит уулу (Қирғизистон);

86кг – Шаҳбоз Ҳаитов – Бакит Токтосун уулу (Қирғизистон).

Финал, 29 январ

92кг – Давлат Болтаев – Рустам Урусбек уулу (Қирғизистон); +92кг – Муҳаммад Аброриддинов – Ҷаҳонгир Зокиров (Ӯзбекистон).