“Ҷумҳурият”: Таассуби динӣ дар тафаккур хушунатзо аст (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе ба муҳимтарин таҳаввулот дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ва минтақа, аз ҷумла аз хатари таассубу ифротгароӣ барои суботи ҷомеа, нигарониҳо аз афзоиши дигарбораи нархи билети парвозҳо ба Русия, ба охир расидани муҳлати сабтиноми симкортҳо бо шиносномаҳои нав ва нигоҳи таҳлилгарон ба сабабу омилҳои ҳаводиси охир дар Қазоқистон таваҷҷуҳ кардаанд.

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 19 январ мақолаи таҳлилгар Зубайдулло Давлатовро бо номи «Паём. Дастури мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм» чоп кардааст. Дар ин мақола муаллиф менависад: «Ҳамагон бояд донанд, ки таассуб дар ҳар тафаккур ва андеша метавонад хушунатзо бошад. Он ки тафаккураш таассубист, ба терроризму ифротгароӣ ба осонӣ гузариш мекунад. Террорист аҳли гуфтугӯ ва муколама нест. Таассуби динӣ нисбат ба илм, мухолифати меҳробу минбар роҳест ба сӯйи бунбасти тафаккур, роҳест, ки инсонро ба нокуҷо мебарад». 

Ба таъкиди муаллиф, дар асри технологияи иттилоотӣ, амалан ҳамаи созмонҳои террористӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буда, кӯшиш менамоянд, ки ақлу ҳуши ҷавононро мутеи худ созанд. Барои мисол, агар дар соли 1998 сохторҳои террористӣ дар шабакаҳои нав ташаккулёфтаи интернет ҳамагӣ 12 сомона доштанд, ҳоло шумораи сомонаҳои интернетии гурӯҳҳои террористӣ ба 10000 расидааст.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар матлаби дигаре бо номи “Душанбе – Хоруғ. Ду бардошт аз як сафар”  аз беназмӣ дар фаъолияти терминали мусофиркашонӣ ба самти шаҳру ноҳияҳои ВМКБ интиқод кардааст. Ба навиштаи муаллиф, ҳар як ронанда аз пайи ба истилоҳ “сайди” мусофир буда, дар ин терминал як тартиби муайяни мусофиргирӣ бо риояи навбат вуҷуд надорад, аммо аз чӣ сабаб бошад, ки кормандони терминал ба ин чандон таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд.

Дар баробари ин муаллиф менависад дар роҳи сафар ба ВМКБ аз назари мусофирон пинҳон намонд, ки дар назди посгоҳҳо ронанда пеш аз он ки аз мошин фарояд, аз кисааш 3-5 сомониро бароварда, даруни ҳуҷҷатҳои ронандагиаш мегузошт. Ба гуфтаи муаллиф, маълум буд, ки ронандаҳо ба додани пул дар посгоҳҳо кайҳо одат карда, ин амал барояшон як амали муқаррарӣ шудааст.  Дар охир муаллиф савол гузоштааст: “То кай ин ҳолат давом мекунад? Магар чунин аст фарҳанги хизматрасонии мо? Масъулон дар ин бора чӣ мегӯянд?”

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 18 январ мақолае бо номи “Рушди саноат кафили зиндагии шоиста aст” чоп карда навиштааст, мусаллам аст, ки истеҳсоли неъматҳои моддӣ яке аз омилҳои асосии пешрафти иқтисод ва дар натиҷа беҳтар шудани шароити зиндагии мардум мебошад.

Муаллифи матлаб Амонулло Хайрулло, раиси Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардааст, ки барои ҳимояи истеҳсолкунандаи ватанӣ ба воситаи истифодаи фишангҳои иқтисодӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани боҷҳои гумрукӣ ба маҳсулоти ҳаммонанди воридотӣ ва ё қисман маҳдуд кардани содироти ашёи коркарднашуда низ мувофиқи мақсад аст.

Дар баробари ин ба гуфтаи муаллиф барои рушди саноати маҳаллӣ дар ноҳияҳои дурдаст пешниҳоди имтиёзҳо ё ба истиллоҳ таъсиси «биҳишти иқтисодӣ» барои соҳибкорон, барои рушди саноат дар манотиқ мусоидат хоҳад кард.

Нашрияи “Садои мардум” дар мақолаи дигаре навиштааст, ки сокинони деҳаҳои Чанор, Зартеппа, Шаҳристон, Меҳан ва Тезгари деҳоти «Гулистон»-и ноҳияи Рӯдакиро вазъи олудагии ҳаво ба ташвиш овардааст. Ба навиштаи муаллиф, дар деҳоти номбурда чанд корхонаи коркарди оҳан, пластмасса ва коғаз мавҷуд аст, ки дуди сиёҳу ғализе, ки аз онҳо мебарояд, ҳар рӯз фазои деҳаҳоро  вайрон мекунад.

“Аз сӯи дигар каме дуртар, дар қисмати теппаҳои он ҷо бошад, партовгоҳи шаҳрӣ мавҷуд аст, ки солҳост аз бӯйи он сокинони деҳот ранҷ мебаранд. Ҳамзамон ба ин ба истиллоҳ «симфонияи экологӣ» боз корхонаҳои истеҳсоли хишт, ки сари ҳар қадам, дар байни дараҳои паҳлуи шоҳроҳи Душанбе — Ваҳдат фаъол ҳастанд, ба сокинони деҳаҳои зикршуда таъсир кардааст.

Шояд мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ки сиёсати экологии кишварро пеш мебарад, ба мардум ёрӣ расонанд ва барои бартараф кардани ин вазъи номатлуб мусоидат намоянд?!” – суол гузоштааст дар фарҷоми матлаб муаллиф.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 19 январ бо нашри матлабе аз сатҳи хадамоти ширкатҳои мобилӣ дар кишвар интиқод карда, навиштааст, ки муштариён ҳаққи интихоб надоранд, зеро ҳар чизе, ки ширкатҳо пешниҳод мекунанд, маҷбур мешаванд қабул кунанд. Яъне дар кишвар чор ширкати хадамоти иртиботи мобилӣ фаоълият дошта, новобаста ба эътирозу норизоятии муштариён, ба ҷойи беҳтар кардани сифати хидматрасонӣ, баръакс онҳо роҳу василаҳои нави пулкоркуниро меҷӯянд. Ба навиштаи муаллиф, аммо ниҳодҳои назораткунанда, аз ҷумла Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Хадамоти алоқа ба ин ҳолат аз паси ангуштон назар меандозанд.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре номаи сокинони деҳаи Хумгарони ҷамоати Косатароши шаҳри Панҷакентро чоп кардааст, ки дар он аз мардум аз зарари партовҳои корхонаи муштаракаи “Зарафшон” шикоят доранд.  Мардуми ин деҳа, ки дар наздикии ин коргоҳи аъзими истеҳсолӣ ба сар мебаранд, даъво доранд, ки корхонаи мазкур сокинони деҳаро дар дигар мавзеъ бо манзил таъмин кунанд. Аммо гуфта мешавад, масъулини корхонаи “Зарафшон”, ки мехоҳанд дар майдони 53 гектар полоишгоҳи нав бунёд кунад, қасд доранд аз миёни 147 хоҷагии деҳа, танҳо 47 хоҷагиро ба дигар ҷо кӯчонанд.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 20 январ навиштааст, рӯз 18 январ зимни як ҷаласа Агентии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон аз намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии дохилӣ ва хориҷӣ талаб кардааст, ки нархи билети парвоз ба шаҳрҳои Русияро  коҳиш бидиҳанд.

Муаллиф ёдовар мешавад, ки то оғози соли нави мелодӣ қимати билет ба шаҳрҳои Русия аз 2 то 3 ҳазор сомонӣ арзиш дошт, аммо айни замон нархи он ду баробар то ба 6 ҳазор сомонӣ боло рафтааст. Барои мисол, нархи билет барои рӯзи 20 январ ба самти Душанбе -Маскав аз ширкати “Уральские авиалинии” 7 ҳазору 228 сомонӣ аст. Ин дар ҳолест, ки тибқи қарори Агентии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон нархи билети ҳавопаймо барои рафту баргашт ба шаҳрҳои Русия набояд аз 500 доллари амрикоӣ бештар бошад.

Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре ин мавзӯъро матраҳ кардааст, ки оё муҳлати сабтиноми симкорти ширкатҳои мобилӣ бо шиносномаҳои нав, ки 15 феврали соли ҷорӣ ба итмом мерасад, тамдид хоҳад шуд ё на? Муаллиф бо такя ба маълумоти Хадамоти алоқа навиштааст, ки то ҳол симкорти 2 миллиону 400 ҳазор муштариёни ширкатҳои мобилӣ бо шиносномаи куҳна сабтином ҳастанд. Яъне 40 дарсади муштариёни хадамоти алоқаи мобилӣ бо то ҳол симкорҳои худро бо шиносномаи нав ба қайд нагирифтаанд.

Тибқи муҳосиботи муаллиф, ки агар ба ҳисоби миёна ба буҷаи давлат аз ҳисоби ширкатҳои мобилӣ наздики 1.5 миллирад сомонӣ ворид шавад, дар сурати хомӯш кардани 2.4 млн симкорт баъди 15 феврал,  дар соли ҷорӣ буҷаи давлат наздики 500 миллион сомонӣ зарар хоҳад дид. Ҳамакнун саволи матраҳ ин аст, ки оё муҳлати сабти симкортҳо барои бори сеюм тамди хоҳад шуд ё на?

Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ,

Радиои “Тоҷикистон”