Дар Душанбе CAFA-2022 CHAMPIONSHIP FUTSAL оғоз мегардад

Имрӯз, 21 январ дар Душанбе чемпионати CAFA-2022 миёни бонувон шурӯъ мешавад.

Мунтахаби бонувони Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон барои дарёфти ҷоизаи ин мусобиқа бо ҳам нерӯ месанҷанд.

Сармураббии дастаи мунтахаби бонувони футзалбози Тоҷикистон Шамшод Ниятбеков интизориҳои худро аз мусобиқаи қаҳрамонии футзали Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои бонувон иброз дошт: “Дар мусобиқаи Душанбе дастаи мо бо тимҳои Эрон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон ду бозӣ анҷом медиҳад. Мо кӯшиш мекунем, ки дар CAFA-2022 CHAMPIONSHIP FUTSAL ҳунарнамоии хуб нишон диҳем”.

Сорбон Амонуллозода,

Радиои “Тоҷикистон”