Дар Тоҷикистон барои нахустин бор операи машҳури “Травиата” ба забони асл – итолиёвӣ пешниҳоди бибандагон мегардад.
Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар сафҳаи фейсбукияш хабар дода, ки моҳи феврал дар доираи лоиҳаи нави байналмилалӣ операи Ҷузеппе Вердӣ «Травиата»-ро бо иштироки овозхонҳои Тоҷикистон, Итолиё, Ӯзбекистон ва Ӯзбекистон рӯйи саҳнаи театр гузошта мешавад.
Гуфта мешавад, операи мазкур бо роҳбарии профессори Консерваторияи Милан маэстро Делфо Меничуччӣ, Ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон Рамиз Усмонов ва Ҳунарманди шоистаи Озарбойҷон Афат Аббосов иҷро мегардад.
Операи “Травиата” – достони бебозгашт дар бораи рӯҳи гумшудаест, ки барои наҷот талош дошта, бо ишқ шифо ёфтааст.
Он бар пояи асари “La Dame aux Camélias”-и Александ пури Дюма навишта шуда, бори нахуст соли 1853 дар шаҳри Ла Феничеи Венетсия намоиш дода шудааст.