Навраси тоҷик бо ширкат варзидан дар як озмуни байналмилалӣ мақоми ифтихорӣ касб карданд.
Муҳаммад Шарифзода ва Эҳсон Раҳмхудоев, ду навраси тоҷик бо иҷрои ҳунар дар озмуни “15-умин бозиҳои байналмилалии Делфӣ” миёни наврасони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мақоми ифтихорӣ касб намуданд. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати фарҳанг хабар дод.
Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, озмуни мазкур рӯзҳои 7-10 декабри соли 2021 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия ба сурати маҷозӣ баргузор гардид.
Зикр мегардад, дар ин сабқати фарҳангӣ Муҳаммад Шарифзода аз Сирки давлатии Тоҷикистон дар бахши сирк мақоми аввал ва Эҳсон Раҳмхудоев бо иҷрои асарҳои оҳангсозони ватанию ҷаҳонӣ дар бахши “Созҳои миллӣ” байни наврасони аз 14 то 17-сола баҳои баланди ҳакамонро соҳиб гардиданд.