Қоидаҳои нави вуруд ба Узбекистон аз чиҳо иборатанд?

Маркази матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қоидаҳои нави вуруду ба Ҷумҳурии Узбекистонро нашр кардааст, ки аз 15 январ ҷорӣ мешавад.

Гуфта мешавад, мувофиқи қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Узбекистон аз 15 январи соли равон қоидаҳои вуруд ба ин кишвар тибқи тартиби нав ҷорӣ мегарданд.

Тибқи тартиби нав:

— шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ меоянд, бояд ПСР-тести манфии сироят аз коронавирус дошта бошанд, ки на дертар аз 48 соат то расидан ба Ҷумҳурии Узбекистон дода шудааст;

— дар сурати надоштани ПСР-тести манфии сироят аз коронавирус супурдани экспресс-тест дар фурудгоҳ, вокзал ва гузаргоҳҳо дар марз талаб карда мешавад.

Зикр мегардад, моҳи декабри соли 2021 низ мақомоти Узбекистон талаботи марбут ба карантинро барои шаҳрвандони якчанд  кишварҳои хориҷӣ сангинтар карда буд.

Он замон шаҳрвандони ба Узбекистон аз хориҷа воридмешуда уҳдадор шуда буданд, ки бояд бо худ гувоҳнома (сертификат) бо натиҷаи манфии ПСР-тест ба сирояти коронавирус дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат то замони расидан дода шудааст.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки мусофироне, ки ба қаламрави Узбекистон аз Австралия, Австрия, Белгия, Британияи Кабир, Олмон, Дания, Исроил, Италия, Нидерланд, Чехия ва Миср ворид мешаванд, бояд ба муддати 10 рӯз ба карантин фаро гирифта шаванд ё 10 рӯзро аз ҳисоби худ дар меҳмонхона гузаронанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Узбекистон штамми нави «омикрон»-и коронавирус ба қайд гирифта шуда, пурзӯр кардани чораҳои пешгирӣ ва ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандон ба он марбут аст.