Шурӯъ аз имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар бо интихобкунандагони худ дар вилоятҳои Хатлону Бадахшону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гуфтугӯ мекунанд.
Ба иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагон, намояндагони мардум доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумни кишвар, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул гардидааст, сиёсати дохилию хориҷии кишвар, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ ва дигар соҳаҳо суҳбат менамоянд.
Гуфта мешавад, ин вохӯриҳо то 10 январ идома мекунанд.