Телевизиони марказии Чин (CCTV) дар арафаи 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни Чин ва Тоҷикистон навореро дар бораи ҳамкории ду кишвари бародар намоиш дод.
Ин наворро, ки тақрибан се дақиқа буда, маводи иттилоотиро дар бар мегирад, дар сомонаи CCTV аллакай беш аз 300 ҳазор нафар тамошо кардаанд.
Дар навор гуфта мешавад, ки 30 сол пеш Чин яке аз аввалинҳо шуда, истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва бо он равобити дипломатӣ барқарор кард. Дар навор бобати дар меҳвари шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Чин ва Тоҷикистон қарор доштани эътимоди мутақобила, ки ба шарофати он ду кишвари бародар марзи муштараки 495-километраро ба риштаи дӯстии халқҳои мо табдил додаанд, нақл карда мешавад.
Тоҷикистон аввалин шуда, бо Чин Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба пешбурди муштараки бунёди “Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим” ба имзо расонид. Кумитаи муштарак оид ба ҳамкорӣ таъсис дода шуда, якчанд лоиҳаҳои бузурги муштарак амалӣ карда мешаванд. Мавриди амал қарор гирифтани нақби роҳи оҳани “Ёвон-Ваҳдат”, ки роҳҳои оҳани Тоҷикистонро аз шимол ба ҷануб мепайвандад. МБГ Душанбе дар фасли зимистон камбуди неруи барқро дар пойтахт таъмин менамояд. Анҷоми сохтмони хатти интиқоли барқи 500 кВт дар минтақаҳои тобеи ҷумҳурӣ устуворӣ ва бехатарии шабакаи барқро дар шимоли Тоҷикистон афзоиш дод. Лоиҳаҳои бомуваффақият ба амал баровардашуда, аз ҷумла корхонаи семент, корхонаи коркарди маҳсулоти нафтӣ, парки аграрии саноатии бофандагӣ, парки саноатии маъданӣ-металлургӣ ба саноатикунонии Тоҷикистон такони тоза бахшиданд. Чин бузургтарин сармоягузор ва шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон аст. Интизор меравад, ки гардиши мол миёни Чин ва Тоҷикистон солҳои оянда беш аз 3 миллиард долларро ташкил диҳад. Таҷриба нишон медиҳад, ки Чин ва Тоҷикистон якҷоя роҳро ба сӯи ҳамгироӣ, рушди муштарак ва шукуфоӣ боз мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Телевизиони марказии Чин (CCTV) — ширкати телевизионии давлатии Чин буда, дорои 50 шабакаи телевизиониест, ки барномаҳои гуногун пахш намуда, ба беш аз як миллиард бинанда бо шаш забони гуногун дастрас аст.
Манбаъ: АМИТ “Ховар”